Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ИШТИРОКИ АЪЗОЁНИ ФАЪОЛИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ТАБИБОНИ ҶАВОН” ДАР ҲАМОИШИ СИЁСИИ ҲИЗБИЁН ТАҲТИ УНВОНИ “ЗАБОН РУКНИ МУҲИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”

Санаи 3 октябри соли ҷорӣ дар бинои асосии Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсии ҳизбиён таҳти унвони “Забон рукни муҳими давлатдории миллӣ” баргузор гашт, ки дар он аъзоёни фаъоли Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Табибони ҷавон”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ширкат варзиданд.

Дар чорабинии мазкур Иброҳим Мирзозода-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, кормандони сохторҳои ҳизбии шаҳр ва ноҳияҳои он ва аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро Иброҳим Мирзозода-раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оғоз бахшида, қайд карданд, ки “Маҳаки асосии фаъолияти ҲХДТ-ро хизмат ба халқ ва ормонҳои миллӣ ташкил дода, тӯли фаъолияти пурсамар зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаро ба марҳалаҳои неку арзанда расонид”.

Дар анҷоми чорабинӣ аъзоёни фаъоли ҳизб аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ш.Душанбе бо сипосномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла барои гузоштани саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои Оинномаи ҲХДТ, инчунин бурдани корҳои ташкилию сиёсии ҳизб, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, тақвият бахшидан ба корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва мусоидат намудан баҳри баланд бардоштани нуфуз, устувор гардонидани мавқеи ҳизб дар ҷомеа ва бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директор оид ба корҳои таълимии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб Одилзода И.Ё. бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд. Боиси сарфарозист, ки аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии “Табибони ҷавон”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз ҷониби роҳбарияти олии ҲХДТ қадрдонӣ мегарданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.