Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ЗАБОН- ХАСТИИ МИЛЛАТ!

Мо ифтихор аз он менамоем ки хайати устодону омузгорони муассисаи мо дар пешбурд ва амалисозии сиёсати маорифпарварона ва бунёдкоронаи сарвари давлат пешсаф мебошанд. Накши забони модари дар таълиму тарбияи насли наврасон бассо назаррас мебошад.

Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем.

Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣбуда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣгардидааст.

Ба ин маънӣ асосгузори сулху вахдати милли, пешвои муаззами миллат,мухтарам Эмомали Рахмон чунин кайд намудаанд ки « забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тўли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.

Хушбахтона,  миллати мо ҳам тавонист, ки ин ёдгории бемисли худро  дар радифи  дигар ёдгориҳои маънавии ниёгони худ ҳифз намояд ва онро то ба имрўзи обод оварда расонад».

Имрўз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ , тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад.

Муҳимтар аз ҳама, имрўз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст. Рўзгори файзбори истиқлолият, ки барои тавзехи доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ғановати мунтазами таркиби луғавии он, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣаҳлона талош намоем.

Мо насли имруз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи кухан ва ганчинаи бебахост. Бо қарори Созмони Миллали Муттахид 21 феврали соли 2002 рӯзи байналмиллалии забони модарӣ эълон гардндааст. Аз соли 1989 22-июл бо карори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ-забони точикӣ эълон гардид. 05 октябри соли 2009 таҳти №553 Қонун дар бораи забон бори дигар қабул гардид, ки қатъи ҳуқуқии забонро муайян мекунад. Мувофиқи ин қарор коргузории тамоми корхонаву муассисаҳо ва мактаб ва тамоми соҳаҳо бо забони давлатӣ сурат мегиранд.

Ба гуфтаи Сарвари давлатамон мухтарам Э.Рахмон: «Забони точикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд».
Мо, тоҷикзодагони асил хамеша пайи он мекушем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигох дорем. Намегузорем, ки эхтироми ин забони бузург,  лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарӣ ба мо забондорон вобастагӣ дорад.

Бо нияти нек тамоми мардуми шарифи точикистонро ба муносибати иди забони давлати табрик намуда, барояшон тани сихат ва тамоми хушихои зиндагиро таманно дорам.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.