Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

БУЗУРГДОШТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Субҳи 6 октябри соли ҷорӣ дар саҳни бинои асосии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” тибқи дастуру супоришҳои роҳбари Муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода аз ҷониби кафедраи “Асабшиносӣ, ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ” бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо донишҷӯён ҷамъомади пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ на танҳо ид барои ҳамаи ҳозирин, балки як имконияти хубе барои изҳори муҳаббат ва эҳтироми хос ба забони модарии худ буд.

Ҷамъомади пагоҳирӯзӣ бо ироаи паёми табрикотии роҳбари муассиса ба омӯзгорону донишҷӯён оғоз гардида, моҳияти ҳифз ва рушди забони модарӣ дар кишварамон қайд карда шуд. Сипас, донишҷӯён ва омӯзгорони кафедраи номбурда бахшида ба таърих ва аҳамияти забони модарӣ дар тиб бо маърӯзаҳои ҷолиб баромад карданд.

Яке аз рӯйдодҳои ҷолиби чорабинӣ баромади донишҷӯён буд, ки бо забони модарии худ композитсияҳои махсуси шеърӣ омода кардаанд. Шеърҳо бо зебоӣ ва амиқии андеша ҳама ҳозиринро шод мегардонд.

Ҷамъомади пагоҳирӯзӣ, ки аз ҷониби кафедраи “Асабшиносӣ, ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ”-и Коллеҷ баргузор гардид, ба як рӯйдоди дурахшон ва хотирмон табдил ёфта, аҳамияти забони модариро дар зиндагӣ ва фаъолияти касбии мо таъкид намуд. Ин чорабинӣ донишҷӯёнро ба омӯзиши минбаъда ва такмили забони модарии худ рӯҳбаланд намуда, онҳоро ба ҳифзу афзун намудани мероси забонии кишварамон ҳавасманд намуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.