Хабарҳо МУАЛЛИМ – ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ! Бо admin Охирин навсозӣ Oct 6, 2023 0 “Ҷомеае, ки ба устод, омӯзгор эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад”. Эмомалӣ Раҳмон Дар ҳама давру замон ҷомеаи ҷаҳониро бе устод, муаллим, омӯзгор дарк кардан хеле душвор мебошад. Зеро моро устод таълим медиҳад ва бо роҳи рости зиндагӣ омода менамоянд. Бузургон беҳуда нагуфтаанд: “Муаллим мисли шамъ аст, худаш месӯзад ва ба дигарон равшанӣ мебахшад”. Худ қазоват кунед, ки дар ҷомеа омӯзгор набошад он ҷомеа ё табақа аз ҷиҳати бесаводӣ ба нестӣ рафта, миллат қашшоқ мешавад. Омӯзгор натанҳо аз ҷониби бузургони илму адаб, балки аз ҷониби пайғамбарон низ чун як шахси азизу муътабари ҷомеа таҷассум ёфтааст. Ин аст, ки тибқи дастури Роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода санаи 4 – уми октбяри соли 2023 дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз ҷониби кормандони Шӯъбаи ташкилӣ – тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон бо роҳбарии муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна Конференсияи фарҳангӣ – адабӣ таҳти унвони “Муаллим – чароғи маърифат” бахшида ба “Рӯзи омӯзгорон” бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Сараввал ровиён чорабиниро бо ситоиши омӯзгор оғоз намуда, суханро ба роҳбари Муассиса муҳтарама Ашуриён Ш. С. доданд. Мавсуф баромад намуда, чунин қайд намуданд: “Мақому манзалати омӯзгор дар ташаккули фарҳанги ниёгони мо ҳамеша бузург арзёбӣ гардида, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ номидаанд. Имрӯз низ ин гуфтаи бузургони илму хирад пойбарҷо буда, ҳамеша аз нақши ин ӯ мегӯянду ба бузургияш арҷ мегузоранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус равона гардида, барои кору фаъолияти судманду мондагори онҳо дар ҷомеа шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст”. Баъдан муаллимаи азиз тамоми омӯзгоронро ба иди касбиашон “Рӯзи омӯзгорон” табрик намуда, эшонро ба ҳалимию меҳрубонӣ, донишмандӣ, ботаҳаммулӣ, соҳибхирадӣ ва ниҳоят дар касби худ устувор буданро орзу намуданд. Ҳамчунин дар доираи суханронӣ як қатор кормандон ва омӯзгорони муассисаро, барои фаъолияти босамари омӯзгорӣ, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи донишҷӯён, ноил гардидан ба дастовардҳо бо мукофотҳои соҳавӣ ва Ифтихорномаи роҳбари Муассиса сарфароз гардониданд. Баъдан дар қисмати фарҳангӣ – фароғатӣ дастаи ҳаваскорони “Шифобахш”-и муассиса дар васфи омӯзгор ва муқаддасоти миллӣ аз ашъори шоирону донишмандон шеъру ғазалиёт ва суруду таронаҳои дилнишин пешкаши ҳозирин намуданд. Пеш 1 то 27 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан