МақолаҳоХабарҳо ПЕШВОИ МИЛЛАТ – КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТ Бо admin Охирин навсозӣ Oct 6, 2023 0 Пеш 1 то 2 саҳифа Баъдӣ Имрўз мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро чун наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ медонанд. Сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд. Ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ бовар ва эътимод дорад. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои бузургу мондагори таърихиро анҷом додааст, ки ҳамагӣ ба манфиати мардум ва рушду шукуфоии кишвар нигаронида шудаанд. Таҳкими сулҳу субот, роҳандозии равандҳои демократӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои шахс, таъмини зиндагии саодатмандонаю шоиста аз ин қабил маҳсуб меёбанд. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нуфузу обруи баландро соҳиб гардид, ки таърих назирашро ёд надорад. Ташаббусҳову иқдомҳои наҷибона ва инсонпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон дар боби ҳимояи арзишҳои олии инсонӣ, мубориза бо равандҳои номатлуби зидди башарӣ, аз қабили терроризму экстремизм ва роҳандозии ҳамкорию робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо давлатҳои хурду бузурги олам Тоҷикистонро ба кишваре табдил дод, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт намунаи ибрати дигар кишварҳо гардидааст. Дар партави ин сиёсат халқи тоҷик қудрати созандагии хешро амиқ эҳсос кард ва ба бунёдкориву офарандагӣ қиём намуд, ки симои мамлакатро аз дурдасттарин деҳот то шаҳрҳои бузург, тадриҷан дигаргун намуда Тоҷикистонро ҳусни тоза афзуд ва набзи онро бо набзи замону набзи ҷаҳон ҳамсадо гардонид. Дар давоми роҳбарии давлати тоҷикон, Пешвои миллат тамоми кушишҳои худро баҳри муттаҳид кардани миллат дар роҳи сохтмони ҷомеаи пешрафта равона месозад. “Президент танҳо ба аҳли ҷамъият такя хоҳад кард. Зеро аз мавқеи манфиатҳои ин ё он гуруҳ баромад кардан чамъиятро номуътадил мегардонад. Мо бояд манфиатҳои аксариятро ҳимоя кунем, вале манфиатҳои аққалиятро нодида гирифтан низ наметавонем, ҳуқуқи онҳоро поймол кардан ҳам надорем. Пас, биёед, ба ҳисоб гирем, ки муҳимтарин масъала барои мо сулҳу ваҳдати миллй мебошад”. Муаллифи китоби «Сиёсати давлат ва ваҳдати миллӣ» давраи муайяни кӯшишҳо, иқдом ва ташаббусҳои Пешвои миллатро таҳлил карда, онро мактаби сиёсии Президент меномад. Суханрониҳо, маърӯзаҳо ва сӯҳбатҳои Пешвои миллат дар ҳақиқат мактаби олӣ барои сиёсатмадорон, олимон, аҳли илму фарҳанг, зиёиён ва ҷавонон мебошанд ва бешубҳа дар қатори суханони беҳтарин нотиқони ҷаҳон абадӣ дар китобҳо ва расонаҳои гуногун боқӣ хоҳанд монд. «Эътироф кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Пешвои миллат шаҳодат аз он дорад, ки мардуми Тоҷикистон дар марҳилаи муҳими гузариш қарор дорад ва дар ин давра паи ҳам ивазшавии ҳокимият танҳо ба ноором гардидани тавозуни иҷтимоии мамлакат мегардад». Барои мо мардуми сарбаланди кишвар боиси ифтихору сарфарозист, ки кишвари биҳиштосои мо рӯз то рӯз зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гаштааст. Кишвари моро беш аз 193 кишвари ҷаҳон ба расмият мешиносанд ва онро ҳамчун яке аз кишварҳои амнтарини ҷаҳон эътироф мекунанд. Лекин бадхоҳони миллату давлат намехоҳанд, ки чунин пешравӣ ва мутаҳидии миллатро бубинанд. Ин гурӯҳҳо ва ташкилотҳои ифротӣ, ки яке аз он Паймони Миллии Тоҷикистон мебошад, ки зери роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ берун аз кишвар дар Аврупо фаъолият мебарад. Ин шахсонро зархарид ҳам меноманд, ки ба фоидаи хоҷагони худ ба ивази пул омода ҳастанд тамоми ҷиноятро анҷом диҳанд. М.Кабирӣ собиқ Раиси ТЭТ ҲНИТ, ҳоло берун аз кишвар қарор дошта ҳамчун хоини миллат эътироф карда шудааст. Аксарияти мардуми кишвар аз амалҳои террористӣ ва ҷиноятҳои ӯ бохабар нестанд ва имрӯзҳо ин шахси бадхоҳ аз берун ба ҷониби кишвар санги маломат зада истода бо ҳар гуна ақидаҳои носолим ва баромадҳои бардурӯғи худ байни мардум тафриқаандозӣ дорад. М.Кабирӣ бояд фаромўш нанамояд, ки ҷавонони Тоҷикистон дорои ғурури миллӣ буда, ҳеҷ гоҳ фирефтаи хоинони миллат нахоҳанд шуд. Мо устодон, ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намудаш маҳкум менамоем. Мо мутмаъинем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар гардидааст, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт. Имрўз ў тўҳматчигиро пеша кардааст. Имрўз тамоми ҷомеаи ҷаҳони амалу ҳаракатҳои ғайриинсониву экстремистии ин гурўҳҳоро сахт маҳкум мекунанд. Ва мо имрўз ба ин хоинони Ватан ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ва дигарон гуфтани ҳастем, ки мо мардуми тоҷик барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем. Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад. Мо ҳаракат мекунем, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро бо суханҳои бардурўғ ғуборолуд созад. Мо бояд кӯшиш менамоем, ки насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоем ва онҳо мутахассиси соҳаи худ шуда, хизмати Ватанро адо намоянд ва шукронаи давлату ҳукумат Пешвои миллат ва тинҷию амнияти кишварро баҷо оранд. Чунки иттиҳоди мо – ин қувваи мост. Мудири кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” Раҳмонова Мевагул Шарифовна Ассистенти кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” Муродов Комилшоҳ Саидаҳтамович 0 Мубодила кардан