МақолаҳоХабарҳо ЭКСТРЕМИЗМИ ДИНӢ – РАВИЯ ВА ҲАРАКАТҲОИ ОН Бо admin Охирин навсозӣ Oct 10, 2023 0 Таи даҳсолаҳои охир ҷараёнҳои экстремистӣ, ки ба равияҳои динӣ, алоқаманданд, паҳн гардида истодаанд. Экстремизми динӣ – ҷонибдорӣ дар дин ба ақида ва амалҳои қатъиро ҷонибдорӣ мекунанд. Воқеаҳои ҷаҳони муосир собит мекунанд, ки дар марҳилаи ҳозира хавфи бештарро экстремизми динӣ ба бор меорад. Он аз шаклҳои дигари экстремизм бо он фарқ мекунад, ки ба дигаргунсозии зуроваронаи сохти давлатӣ, ғасби ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлат нигаронида шудааст. Экстремизми динӣ – фаъолияти аз нигоҳи динӣ ниқобпушонаест, ки ба зуран дигаргун сохтани сохти давлатӣ, ғасби зуроваронаи ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзии давлат, барангехтани душманию бадбинӣ ва дигар амалҳои ғайриконститутсионӣ, нигаронида шудааст. Сабабҳои асосии пайдоиш ва инкишофи равияҳои экстремистӣ ва амалҳои террористии онҳоро мутахассисон чунин муайян намудаанд: -буҳронҳои соҳаҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ; -дигаргуншавии сохтори сиёсии ҷомеа; -пастшавии сатҳи зиндагии шаҳрвандон; -пахши дигаргунандешии шаҳрвандон; -риоя нагардидани плюрализм; -зулми халқият ва миллатҳое, ки ақаллият мебошанд; -такаббуру ғурури пешвоёни ҳизбӣ, гурӯҳҳои динӣ ва ғайраҳо муқаррар кардааанд. Таи солҳои охир дар минтақаҳои гуногуни мусулмоннишин равияву ҳаракатҳои сиёсиву иҷтимоии гуногун ба вуҷуд омадаанд. Аз байни онҳо дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон инчунин минтақаҳои гуногуни мусулмоннишини пасошуравӣ ҷараёнҳои Ваҳҳобия, Салафия, Ҳ.И. Узбекистон, Ҷамоати таблиғ, Ҳизби таҳрир, Ҳизбуллоҳ, Ҳ.И. Туркистон, ДИИШ, Ихвон – ул- муслимин ва ғайраро ном бурдан мумкин аст, ки онҳо ба гурӯҳи харакатҳои экстремистӣ – террористӣ дохил мешаванд ва фаъолияти онҳо пурра маън карда шудааст. Яке аз ин гуна ҳаракатҳо, ҳаракати Ваҳҳобия мебошад, ки дар асри 18 дар Арабистони Саудӣ, ба вуҷуд омад, ва асосгузораш Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб мебошад. Асоси таълимоти онро поксозии дини Ислом аз тариқи бозгашт ба исломи ибтидоии даврони пайғамбари Ислом Муҳаммад (с) ташкил медиҳад. Онҳо талаб мекунанд, ки танҳо ба Қуръон эътиқод бояд кард, нисбат ба суннат фақат ба он ҳадисҳое эътимод доранд, ки дар давраи чаҳор халифаи аввал маъмул буданд. Бозгашт ба тавҳиди беолоиш асоси худшиносии онҳо мебошад. Равияи Салафия – онҳо худро пайравони “салафи солеҳ”, ки аз калимаи арабии “салафа – гузаштагони накукор” муаррифӣ менамоянд. Онҳо низ аслан ба исломи замони муҳаммадӣ ва давраи саҳобагон баргаштанро тарғиб менамоянд. Аз руи ақидаҳояш метавон гуфт, ки ин ҳаракат идомаи ҳаракати ваҳҳобия мебошад. Мақсади асосиашон барқарор кардани исломи аввал, яъне исломи бунёдӣ ё фундаментализм мебошад. Онҳо зиёрат кардани мазорҳо, хондани оятҳои Қуръонро дар сари қабрҳо, хайру садақа кардан ба арвоҳи гузаштагонро инкор мекунанд. Ҳизб – ут – таҳрир – ҳаракати мазҳабӣ, ки худро ҷунбиши исломӣ меноманд, ба фаъолияти ҳизби ифротию сиёсии динӣ дохил мешавад. Он аз тарафи Набҳонӣ соли 1953 дар Урдун таъсис ёфтааст. Аз аввали пайдоиш ин ҳизб худро ташкилоти сиёсӣ муаррифӣ намуда, баргаштан ба тарзи ҳаёти исломӣ дар асоси меъёрҳои шариатро ҳадафи худ қарор додааст. Барои ба ин ҳадаф расидан ташкили хилофатро, ки ҳамаи кишварҳои мусулмониро муттаҳид месозанд, дар бар мегирад. Ихвон – ул – муслимин – (бародарони мусулмон) – ташкилоти байналмилалии динӣ-сиёсӣ буда, соли 1928 дар Миср ташкил карда шудааст. Намояндагони он дар Сурия, Фаластин, Ироқ, Тунис, Либия ва баъзе давлатҳои дигар низ фаъолият менамоянд. Мақсади асосии онҳо бунёди ҳокимияти исломӣ дар ҷаҳон бо номи Хилофати бузурги исломӣ мебошад. Ин ҳаракати динӣ-сиёсӣ аз ҷониби аксари кишварҳо аз ҷумла Россия, Миср, Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳо ташкилоти террористӣ эълон гардида фаъолияти он пурра маън карда шудааст. Тибқи хулосаи коршиносон аз фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо маълум мегардад, ки аксари онҳо мақсадҳои ниҳоии худро дошта, мехоҳанд тавассути амалҳои террористӣ ва фалаҷ гардонидани мақомотҳои ҳокимияти давлатии кишварҳо нақшаву ниятҳои худро амалӣ намоянд. Дар ҷумҳурии мо низ ин ҳизбу ҳаракатҳо аз ҷумла Ваҳобия, Салафия, ҲИ Узбекистон, ҳизби Таҳрир, Ҳизбуллоҳ, ҲИ Туркистон, ДИИШ, Ихвон –ул- муслимин, ҲНИТ, ҳаракати Ҷундуллоҳ ва ғайраҳо бинобар сабаби хатарнок ва хилофи мазҳаби ҳанафӣ будан ва дар барангехтани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ва баъзе ҳодисаҳои баъдӣ, ки хусусияти экстремистӣ-террористӣ доштанд, саҳм доштанашон, ҳаракатҳои ифротӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо пурра маън карда шудааст. Довулова З. М., – омӯзгори кафедраи “Фанҳои гуманитарї” МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 0 Мубодила кардан