Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН

Соли ҷорӣ аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сол сипарӣ мешавад. Чунки 6‐уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин санади тақдирсоз аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Дар рӯзи қабули Конститутсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин маънӣ таъкид карда буданд: «Имрўз барои ман қадамҳои аввалин ба вазифаи Раиси ҷумҳур аст. Ин вазифа дар ин рўзҳо барои ман ҳам мушкил аст, лекин бовар дорам, ки бо дастгирии халқи Тоҷикистон аз ин рўзҳои сахт мебароем».

Ин суханҳо моро водор месозанд, ки мо, шаҳрвандони мамлакат ба бахтномаи миллат,  Конститутсия, ки ки сарчашмаи тамоми қонунҳо аст, эҳтиром гузорем.

Ба шарофати истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 ба вуқӯъ омада, тамоми сокинони мамлакати озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 32 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳоданд. Бо мақсади ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа Артиши миллӣ ва дигар сохтору мақомоти босалоҳият, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳокимияти иҷроия таъсис дода шуда, рамзҳои давлати соҳибистиқлол, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Конститутсия–бахтномаи миллат қабул карда шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низои байни тоҷикон таҳия ва қабул гардид. Аз ин ҷиҳат вазифаи аввалиндараҷаи он таъмини оштии миллӣ ва сулҳи тоҷикон буд. Бо ин мақсад ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодоти доираҳои васеи аҳолӣ, намояндагони гурўҳҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла собиқ мухолифин ба инобат гирифта шуданд. Дар он кулли талаботи ҳуҷҷатҳои сиёсиву ҳуқуқӣ дар бахши ризоияти миллӣ ифодаи худро ёфтанд. Аз ин нуқтаи назар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарвоқеъ ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ ва заминаи ҳуқуқии таъмини сулҳи тоҷикон гардид.

 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон азму ирода ва мақсаду мароми халқи кишварро таҷассум намудааст. Он ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро ҷиҳати қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.

Баъди ба даст овардани неъмати бебаҳо, яъне Истиқлолият бояд санади тозае таҳия ва қабул карда мешуд, зеро дар ҳама давру замон бо рушд ёфтани давлату давлатдорӣ зарурияти муайян сохтани сохтор, идора ва пойдории он санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад, ки ин бо номи Конститутсия муаррифӣ мешавад ва ҳуҷҷати асосӣ шинохта шудааст.

Инак, санаи 6‐уми ноябри соли 1994‐ум барои тамоми мардуми тоҷик яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад. Ин сана барои мардуми мо таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд. Аз он вақт дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Маҳз, тайи ҳамин солҳо музокироти тўлонии миёни тоҷикон, ки мақсад аз он таъмини сулҳу субот ва оромию осудагии тарафҳо буд, шурўъ шуда, 27‐уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба анҷом расид.

Дар маҷмў, гуфта мешавад, ки дастовардҳои бузургтарини кишвари азизамон пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва Ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори молиявию иқтисодӣ, таҳкими бехатарии ҷомеа, болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ин ҳама маҳз ба шарофати сиё‐ сати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату кўшишҳои мардуми соҳибмаърифату фарҳангдўсти тоҷик муяссар гардидааст.

 Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.

Вақте сухан дар бораи Конститутсия меравад, мо ҳатман хизматҳо ва дилсўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳияи ин номаи бахту саодати миллат пеши назар меорем, зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи ҷомаи амал пӯшидани орзуи деринаи миллати тоҷик барои соҳибистиқлолӣ аст. Маҳз, дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Президенти мамлакат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳоеро ба давлату миллати тоҷик дод, ки асрҳо дар орзуяшон буд.. Пас моро зарур аст, ки дастовардҳои кишварро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем бар зиддӣ ҳамагуна дасисабозиҳо мубориза барем. Бо шахсони бадхоҳ ва  хоҷагони хориҷии онҳо муборизаи қатъӣ бурда ҷавононро дар рўҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намоем. Имрўз Тоҷикистон имкониятҳои бузургро барои рушд ва ҳифзи дастовардҳои кишвар дорост. Аммо нуқтаи аз ҳама муҳим барои инсон ин дӯст доштани Ватан мебошад. Ҷавонони тоҷик имрӯз дар арсаи байналхалқӣ ҷойгоҳи намоёнеро соҳиб мебошанд.

Муовини директори МДТ

 “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

оид ба корҳои маъмурӣ ва хоҷагӣ

Мамурзода Диловар Мамур

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.