Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

КОНФЕРЕНСИЯ ДАР КАФЕДРАИ “ФАНҲОИ ТИББӢ – БИОЛОГӢ” − И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 03 – юми ноябри соли 2023 тибқи дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббиии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Ш.С. ва нақша – чорабиниҳои шуъбаи корҳои тарбиявӣ дар кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” конференсия таҳти унвони “КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ ОЛИИ ҲУҚУҚӢ” доир гардид. Конференсия ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола дар кишварамон 6 – уми ноябр таҷлил мегардад, ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар кори конференсия сармутахасиси шуъбаи идракунии сифати таҳсилоти муассиса Мазабова Н.Н., мутахасиси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти муассиса Ғайбуллоева З.Н., сармутахасиси шуъбаи илмӣ – методӣ Ҷумаева Ҷ.Ҳ, декани факултети “Кори табобатӣ” Сафаров Х.С., мудири кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” Раҳмонова М.Ш., устодони кафедра ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Конференсия бо ташаббуси устоди кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” Муродов К.С. ва донишҷӯёни курси 1 – уми факултети “Кори ҳамшиаргӣ (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)” баргузор карда шуд.

Нахуст ба хотири арҷгузории Муқаддасоти миллӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода шуд. Сипас мудири кафедраи “Фанҳои тиббӣ − биологӣ” Раҳмонова М.Ш. баромад намуданд.  Зимни баромад муаллима иброз доштанд, ки ҳамасола дар кишвари маҳбубамон дар фазои сулҳу субботи миллӣ мардуми сарбаланди тоҷик дар асоси Моддаи 2, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 6 – уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд менамоянд. Ҳангоми баромадашон муаллима инчунин иброз доштанд, ки Конститутсия, ки тамоми қонунҳо аз он сарчашма мегирад барои пешрафт ва рушди давлат хизмат мекунад ва бахтномаи ҳар як миллат мебошад. Аз ин рӯ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро он Конститутсияи мукаммале ҳаст, ки ба қатори конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои дунё аз ҷиҳати ҳифз ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дохил карда шудааст.

Баъдан тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби устодон ва донишҷӯён маърӯзаҳо ироа карда шуд. Ҳангоми баромади иштирокчиён шароити таърихии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Конститутсия қайд намуданд. Чуноне, ки қайд шуд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вазъияти ҳассос қабул гардид. Ва дар чунин вазъияти ҳассос қабули Конститутсияи мукаммал, хеле мураккабу душвор буд, аммо бо қавииродагӣ ва мардонагии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи азизи кишварамон муяссар гардид, ки қонуни асосии кишвар, яъне Конститутсияи худро бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул намоянд ва ин рӯз ҳамчун рӯзи таърихӣ ҳамасола қайд карда мешавад. Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи қабули Конститутсия ба ин маънӣ қайд карда буданд, ки имрӯз барои ман қадамҳои аввалин  ба вазифаи Раиси ҷумҳур аст. Ин вазифа дар ин рӯзҳо барои ман ҳам мушкил аст, лекин боварӣ дарам, ки бо дастгирии халқи Тоҷикистон аз ин рӯзҳои сахт ҳам мебароем. Ман сари таъзим ба назди пои мардуми Тоҷикистон  фуруд меорам ва мегуям, то он замоне, ки ҳастам барои миллатам, барои халқам, барои давлатам хизмат мекунам. Ин суханҳо ҳар яки моро водор месозад, ки мо шаҳрвандони мамлакат Конститутсия – бахтномаи миллатро,  ки сарчашмаи тамоми қонунҳо аст риоя намоем  ва онро пос дорем.

Дар фарҷоми конференсия меҳмонони ширкатдошта барои дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор кардани чунин конференсия изҳори қаноатмандӣ намуданд. Инчунин иброз доштанд, ки чунин ҳамоишҳои сиёсӣ боис мешаванд то донишҷӯён, ки насли ҷавони кишвар мебошанд донишҳои сиёсии худро сайқал диҳанд. Чунки он насли наврасе, ки дорои зиракии баланди сиёсӣ аст ҳеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои мухолиф ва хоинони Ватан намегарданд.

Мақсад аз ташкил ва баргузории чунин конференсияҳо пеш аз ҳама арҷ гузоштан ба Муқаддасоти миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба дуст доштани Ватан ва сайқал додани донишҳои сиёсии онҳо мебошад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.