Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” АШУРИЁН ШАҲЛО САЙФУЛЛОЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Омӯзгорон ва донишҷӯёни муҳтарам! Ҳамдиёрони азиз!

6–уми нобяр дар тақвим барои мардуми тоҷик мондагор ва хотирмон аст. Дар ин рӯзи фараҳбахш мардуми шарифти Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати соҳибихтиёри худро қабул намуд, ки он роҳи бонизоми рушди устувори давлатдориро муайян кард ва василаи субот дар ҷомеа ва саодати зиндагии мардум гардид. Қабули Конститутсияи Тоҷикистон падидаи ниҳоят арзишманд ва яке аз дастовардҳои бузург дар даврони Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Таҷлили Рӯзи Конститсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як намоди ифтихору мамнуният аз роҳи интихобнамудани халқ дар эъмори давлатдории миллӣ ва эҳтирому арҷгузори ба ин санади сарнавиштсоз маҳсуб мешавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик мебошад. Дар ин санади сарнавиштсоз марому мақсади халқи Тоҷикистон, ки аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар иборат аст, дар асоси арзишҳои милливу умумибашарӣ, аз ҷумла қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморидан, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кардан, дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда муайян карда шуд.

Аз ин рӯ, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки меъёрҳои дар Конститутсияи кишвар кафолатдодашуда, яъне тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро бо тамоми ҳастии худ ҳифз намоем. Конститутсия пешбинӣ намудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми соҳаҳои мамлакатро ба танзим дароварда, ҳудуди муайни муносибатҳоро дар ҳама самтҳо машаххас кардааст. Аз ҷумла дар он инсон, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, давлат ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат додаст.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозии бепоён аст, ки мову шумо имрӯз зери сиёсати мардумсолорона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои орому осудаи ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона яке аз санаҳои таърихии миллати соҳибтамаддуни тоҷик, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихори беандоза таҷлил мекунем.

Ба ин муносибат ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо ҳамаи пайвандону наздикони Шуморо аз самими дил табрик гуфта, бигзор, дар нигоҳи шумо шуълаи умеду боварҳо ба ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва демокративу ҳуқуқбунёд дурахшон бошад ва Ватани маҳбуби мо аз андешаи нек ва дасту дили гарми мову Шумо тавони бештар гирад ва сабзу шукуфотар гардад.

Маҳз дар замони Истиклолияти комили давлатӣ барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, самтҳои инкишофи ҷомеа, бунёди давлатдории навин заминаи воқеӣ гузошта шуд. Рушди бомароми давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда шуд.

Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, «Конститутсияи мо ба мисли чароғи роҳнамоест, ки ҷомеаро ба ояндаи нек раҳнамун месозад. Он ягона меҳварест, ки тамоми неруҳои созандаи кишварро дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун муттахид менамояд». Дар воқеъ, чун мо муттаҳид мешавем ҳеҷ қуввае наметавонад ба ҳамбастагии мо рахна занад ва рушди босуботи моро халал расонад. Бигзор, эҳтиром ба Конститутсия, риояи меъёрҳои он ва маданияти шаҳрвандӣ ва фарҳанги ҳуқуқуқии мо ба як василаи доимии таъминкунандаи оромиву суботи ҷомеаи ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёбад.

Мехоҳам ба устодони мо, ки донишу таҷрибаи худро бо шавқу ҳавас ва маҳорати бепоён ба шогирдон меомӯзонанд, миннатдории махсус баён намоям. Меҳнатдӯстӣ ва садоқатмандии шумо дар соҳаи маориф саҳми бебаҳо дар ояндаи кишвари мост.

Донишҷӯён, шумо ояндаи ҷомеаи тиббии мо ҳастед. Шавқу ҳаваси шумо ба дониш, меҳнатдӯстӣ ва садоқат ба касби тиббӣ барои ҳамаи мо илҳомбахш аст. Шумо умеди мамлакати мо мебошед ва боварӣ дорам, ки таҳсил ва соҳибкасб гардидани шумо ба беҳбудии нигаҳдории тандурустӣ ва некуаҳволии ҷамъияти мо мусоидат мекунад.

Дар ин рӯзи фараҳбахш ман аз ҳамаи шумо даъват ба амал меоварам, ки моҳияти Конститутсия ва нақши онро дар ҳаёти мо қайд кунед. Биёед арзишҳои дар Конститутсия муқарраршударо ҳифз кунем ва барои рушди ҷомеаи худ дар асоси принсипҳои адолат, баробарӣ ва озодӣ саъй кунем.

Рӯзи Конститутсия муборак! Ба шумо дар таҳсил ва фаъолияти касбӣ муваффақият таманно дорам. Ташаккур ба шумо барои хидмати содиқона ва саҳми худ дар рушди коллеҷи тиббии мо ва кишвар.

Саломату сарбаланд бошед.

Директори МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”,
н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.