Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ДАРСИ КУШОДУ НАМУНАВИ ДАР КАФЕДРАИ “ТЕХНОЛОГИЯИ ДОРУСОЗӢ, ТАШКИЛ ВА ИҚТИСОДИ ФАРМАТСИЯ” – И МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ»

Санаи 10.11.2023 тибқи дастуру супоришҳои директори Муассисаи давлатии таълими “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, дар кафедраи “Технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсия”  аз ҷониби омӯзгор Гиёсова Н. дарси кушод бо донишҷӯёни  бахши 2-юми  факултети “Кори фарматсевтӣ”-и таҳсилоти умумии асосӣ, дар мавзӯи “Пайдошавии крахмал дар барг аз рушноӣ” баргузор гардид, мутахассиси шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот Мазабова Н.Н., Ғайбуллоева З. ва мудирону омӯзгорон иштирок доштанд. Дарс дар сатҳи шоиста ба роҳ монда шуда, аз ҷониби омӯзгор аёниятҳои муосир, усули фаъоли таълими ва техникаҳои иттилоотӣ истифода шуд. Афзалияти дарс дар он аст, ки аз ҷониби омӯзгор фаъолнокии донишҷӯён таъмин гардида, донишҷӯён дар раванди дарс хеле фаъолона иштирок намуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.