Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИ ДАР МАВЗӮИ “МАВОДҲОИ ДОРУГИИ ҲОРМОНӢ” ДАР БИНОИ ТАЪЛИМИИ 3-ЮМӢ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 10.11.2023 тибқи дастуру супоришҳои директории Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, нақшаи тасдиқгардидаи шӯъбаи таълим аз ҷониби омӯзгори кафедраи  «Фармакология ва забони лотинӣ» Гулбекова Манила дар байни донишҷӯёни гурӯҳи 201- умӣ «Кори фарматсевтӣ», семинари омӯзиши дар мавзӯи “Гормональные препараты” гузаронида шуд.  Мақсади гузаронидани семинари омӯзишӣ:

– баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён оиди ин фан;

-аз худ намудани доругиҳои муосир ва дуруст истифодаи он дар дорухатнависӣ;

-аз худ намудани таъсироти доругиҳо (нишондод), зиднишондод, таъсироти нохуш ва дозаи терапевтӣ;

-ташаккул додани аз худкунии  терминҳои тиббии фармасевтӣ дар навиштани дорухат.

Марҳилаҳои викторина чунин буд;

-Сараввал суруди миллӣ садо дод;

-Баъд аз он донишҷӯён ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, яке аз онҳо дар бораи ҳормонҳо, норасои ҳормон ё зиёшавии ҳормон дар организм  ва дигар гурӯҳ дар бораи маводҳои доругии ҳормонӣ маълумот додаанд.

-Саволномаҳо байни донишҷӯён;

-Кор бо кроссворд;

-Навиштани дорухат бо доругиҳои ҳормонӣ аз тарафи донишҷӯён фаъолона иҷро шуд.

Дар семинари омӯзишӣ декани факултети «Кори фарматсевтӣ»-и рӯзона Набизода Қ., декани факултети «Кори фарматсевтӣ» (баъди синфи 9) Додоев Б., мудири кафедраи «Фармакогнозия ва кимёи фарматсевтӣ» Сулаймонова О., омӯзгорони кафедра ширкат варзидаанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.