Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

     

       Дар таърихи ҳар миллат саҳифаҳои пур аз корнамоиву  қахрамонӣ ва пурарзише ҳа станд, ки иқдоми нек ва хирадмандонаи фарзандони бонангу номуси он ба нафъи халқу миллат равона гардидаанд ва барои ташаккули ҳаёти маънавии насли ҷавон нақши муассире боқӣ гузошта метавонанд.

      Ҷавҳари ҷавонмардӣ ва хиради азалӣ дар симои зоҳирӣ ва андешаву афкори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо чун офтоби тобон нурафшон буд. Ӯ низоми иқтисодии кишварро, ки дар натиҷаи дигаргун гаштани сохтори сиёсию низоми давлатдорӣ ва ҷанги таҳмилӣ аз ҳам пошида, таҳрибу валангор гашта буданд, аз нав дар шароити низоми демократӣ  бозсозӣ  намуд.

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзи корӣ на танҳо дар фикри хомӯш ва саркӯб намудани оташи ҷанг, ҳифзи тамомияти арзӣ, таъмини ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон буд, балки ӯ ҳамчун як сиёсатмадори варзида барои ояндаи дурахшон ва саодатмандии миллату кишвар аз самими қалб талош менамуданд.

     Чунин талошҳои ватандӯстона баҳри пойдории амнияти миллӣ мусоидат намуда, самараҳои хурсандибахш хоҳанд дод.

     Бояд тазаккур дод,ки имрӯз қувваҳое ҳастанд, ки барои ноором кардани вазъият ва халалдор намудани амнияти миллии ин ё он ҷаҳони муосир ҳавасманд мебошанд.

      Бинобар ин,  онҳо ҳар гуна равияҳо, аз он ҷумла, равияҳои ифротгароиро дастгирӣ намуда, вазъиятро дар ин ё он минтақа халалдор менамоянд, барои амнияти давлатҳо хатар эчод мекунанд. Амният ва сулҳу субот яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа мебошад, ки он шахсият, ҷамъият ва давлатро аз ҳар гуна хавфу хатар эмин медорад.

       Масъалаи асосии амнияти миллӣ, ташаккул ва таҳкими доимии шуури худшиносии миллӣ ва пойдевори он аз шуури муқаррарӣ  замина мегирад.

      Ба ин мазмун, чуноне Пешвои миллат қайд намудаанд: «Миллати мо дар тули давраҳои гуногуни таърихӣ  ҳамаи мушкилоту касодии давлатсозиву давлатдориро паси сар намуда аз марзу бум, забону фарҳанг, расму оин, урфу одатҳои миллӣ худро сарбаландона ҳифз намуда тавонист. Дар тули таърихи худ миллати тоҷик бо бераҳмтарин душманон дучор омад, таҳқиру ғорат, разолату харобиро дид, аммо дар ҳама ҳолат аз принсипи ба инсон ба назари нек нигаристан, дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмиву инсондӯстиро шиори худ намуда ба даст овард ва шарафу милли худро аз даст надод».

      Чуноне ки дар суханрониҳои Сарвари давлат борҳо таъкид гардидааст, ҳар як фарди ҷомеа бояд зиракии сиёсии худро аз даст надиҳад. Ин нуқта, хусусан дар замони пуртаззоди ҷахонишавӣ  амри ногузир аст, зеро дар манотиқи мухталифи ҷаҳон имрӯз ҳаракату ҷараёнҳои ифротӣ  зиёда ба назар мерасанд, ки бешубҳа ба амнияту суботи ҷомеа таҳдид менамоянд.

      Хушбахтона, дар даҳсолаи охири асри 20-ум Тоҷикистон ба истиқлолияти томи давлатӣ  ноил гардид. Аммо чархи таърих солҳои аввали истиқлолият барои миллати мо имтиҳони ниҳоят душвореро пеш гузошт, ки дар харитаи сиёсии чаҳон  боқӣ мондан ё намондани он зери суол қарор гирифта буд. Ин марҳилаи нахустини давлатдорӣ  хеле пурихтилоф ва пурошӯбу даргир буд.

      Дар чунин вазъияти хатарнок ва тақдирсоз барои ҳастию бақои миллату давлат Эмомалӣ Раҳмон парчамбардори сулҳ, ваҳдат, ҳуввияти миллӣ ва пешвои сиёсии Тоҷикистони азиз гардиданд.

Муссалам аст, ки дар ин ҷаҳони пуртаззоду дорои рақобатҳои шадиди глобалӣ танҳо ин сиёсатмадори дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохташуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  метавонанд минбаъд дар тақдири имрӯзу ояндаи миллат истиқлолияти комили давлат, сулҳу ваҳдат, амнияту оромӣ ва инкишофи бемайлони давлатдории миллиамон саҳмгузор бошанд ва онро ба сӯи ояндаи дурахшону саодатманд раҳнамоӣ  намоянд.

Сулаймонова О.Ғ. – мудири кафедраи: “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” – и   МДТ “ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.