Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

“ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН: МУҲОКИМАИ ҶАНБАҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ”

Санаи 14 ноябри соли 2023 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” як чорабинии муҳим – Шӯрои директорони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббии Тоҷикистон баргузор гардид баргузор гардид, ки он таҳти раёсати сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.т., профессор Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор гузаронида шуд. Дар ҷаласа роҳбарони тамоми муассисаҳои таълимии миёнаи касбии тиббии пойтахт ва ноҳияҳо ширкат доштанд.

Яке аз мавзӯъҳои асосие, ки дар Шӯро муҳокима шуд, ҳайати кадрии муассисаҳои таълимӣ буд. Иштироккунандагони ҷаласа оид ба вазъи таъминоти муассисаҳо бо кадрҳои педагогӣ, хоса дар самти таълими тахассусӣ ҳисобот манзур намуданд. Инчунин мувофиқати миқдори омӯзгорон бо соатҳои таълимӣ мавриди таҳлил қарор гирифта шуд. Дар бораи ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълим, ки ба баланд бардоштани самаранокии раванди таълим нигаронида шудаанд, андешаҳо баён карда шуданд.

Мавзӯи дигари муҳим ҳисоботи оморӣ оиди то ба ҷои кор рафта расидани хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавӣ буд, ки мавриди таҳлили амиқи раёсати Шӯро қарор гирифт. Аъзоёни Шӯро мушкилоти марбут ба таъминоти муассисаҳои табобатии навоҳиҳои дурдастро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷониби раёсати Шӯро тадбирҳои мушаххас барои беҳтар намудани таъминнамоии муассисаҳои табобатӣ бо кормандони миёнаи тиб пешниҳод карда шуданд.

Шӯро ба иҷрои нақшаи таълим ва иштироки донишҷӯёни дар олимпиадаҳои берунмарзӣ низ диққат дод. Директорон масъалаҳои навсозии барномаҳои таълимӣ ва ба талаботи замон мутобиқ кардани онҳоро баррасӣ карданд. Дар бораи ҷорӣ намудани курсҳои ба амалия нигаронидашуда ва таҷрибаомузии донишҷӯён таклифҳо пешниҳод карда шуданд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки донишҷӯёни болаёқат барои иштирок дар олимпиадаҳои тахассусии берунмарзӣ сафарбар гарданд.

Дар маҷмӯъ кори Шӯро масоили зиёди фаъолияти таълимии коллеҷҳои тиббиро фарогир буд ва дар ҷамъбаст Раёсати Шӯро баъди таҳлили ҳисоботҳои омории манзургардида ба роҳбарони муассисаҳо тавсияҳои муфид доданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.