Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ШУКРИ ИСТИҚЛОЛ, КИ ПЕШВО ДОРЕМ

«Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад,  ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар».

Президенти Федератсия Руссия

Владимир Путин

“Шумо тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон доред. Тасаввур кунед, мо зиёда аз сӣ сол боз барои сулҳ дар Афғонистон мубориза мебарем. Ин абармарди миллат барои Шумо дар як сол сулҳи бебозгашт овард. Акнун тасаввур кунед, ки Шумо чӣ гуна Пешвое доред. Ин гуна Пешворо ҳама хайрхоҳони ҷаҳон орзу мекунанд”.

Қаҳрамони миллии Афғонистон,

марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд

Шукри Истиқлолу сарвар мекунем,

Шукри ободии кишвар мекунем.

Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард,

Шукри бому хонаву дар мекунем.

 Давлати мо давлати сулҳофар аст,

 Давлати озод дар баҳру бар аст,

 Нест ин ҷо аз хазонӣ ҳеч ёд.

 Мисли ҷаннат сабзу ҳам муаттар аст.

      Мутобиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» имрӯз, яъне 16 ноябр ҳамчун «Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст.

        Аз ҷумла, меъёрҳои моддаи 67 Конститутсия пешбинӣ менамояд, ки Президент пеш аз шурӯи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад. Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Мақсад аз рузи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

        Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рузи Президент пазируфта шудааст.

      Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътирофнамудаанд.

       Мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент –садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд. Воқеан, хизматҳои шахсияти беназир Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷик, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст. Мо бояд дар роҳи таҳкими ниҳоди президентӣ гомҳои фароху фаротар гузошта, аз гузаштаи худ ифтихор ва дар роҳи эҳёи он, рушду инкишофи Ватани азизамон кӯшишу талошҳо намоем.

Тоҷикистонро имрӯз нисбати дирӯзу солҳои пеш ободу озоду зебо, мардумашро дар амну осоиш мебинем.

Салом! Эй Пешво, марди Худодод,

Бикардӣ аз сари нав кишвар обод.

Ҳама аҳсан, ҳама хонем таҳсин

Ба он фарзонамодар, ки туро зод.

Бале, Исмоили Сомон ту ҳастӣ,

Шукӯҳи бахти нурафшон ту ҳастӣ.

Муборак ҷашни Истиқлолу Ваҳдат,

Ба қалби Тоҷикистон ҷон ту ҳастӣ.

    Дар ин кор саҳми Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле воло аст. Бо назардошти иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ, бо азму иродаи қавӣ ва устуворона иброз менамоем, ки ӯ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошад.

     Агар ба корнома ва муҳимтарин тасмимҳои Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори барҷаста аз назари таҳқиқ ва хулосаҳои муаллифон нигарем ба чунин ҷамъбаст ва натиҷагирӣ метавон расид, ки онҳо мӯҳтавои фаъолияти пурсамар ва назарраси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳанд, ки дар зер оварда мешаванд:

  • хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот дар ҷомеаи имрӯз;

  • тақвияти пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии ниҳодҳои ҳукумат, шохаҳои ҳокимияти сиёсӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонуният, адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат;

  • ислоҳоти конститутсионӣ, низоми ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол, иқдом ва ташаббус дар самти эҷод ва қабули қонунҳои нави миллӣ;

  • иқдом ва ташаббусҳо дар самти ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ (глобалӣ) оид ба об, дипломатияи об ва ҷонибдории он аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташаббус дар ҳалли қазияи Афғонистон;

  • таъмини рушди устувори ҷомеа, пешрафти иқтисодиёт, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ;

  • таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, аз байн рафтани маҳдудиятҳо дар таъминоти барқ;

  • аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон;

  • таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва молҳои ниёзи мардум;

  • саноатикунонии босуръати кишвар барои таъмини устувории иқисодиёт;

  • таҳкими ғоя ва андешаи миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ, ватандӯстии мардум, эҳёи мерос ва суннатҳои таърихиву фарҳангӣ;

  • поягузории сиёсати муваффақонаи хориҷӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, сиёсати дарҳои кушод, ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон бар пояи баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар.

     Акнун пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани комёбиҳои муҳим метавонем чунин хулоса кунем: Давраи навини давлатсозию  давлатдории  мустақилона  моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем. Дар ин маврид шахсиятҳои барҷастаи арсаи сиёсат доир ба фидокориҳои  роҳбари давлати тоҷик ибрози ақида намудаанд.

 Худо хандид бар рӯят, амон бош,

Сарафроз одами рӯи ҷаҳон бош.

Магӯ зинҳор рӯзе, пир гаштам,

Ҳамеша Пешвои тоҷикон бош.

Декани факултети
“Кори фармасевтӣ” Додоев Б.Н.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.