Воқеан Эмомалӣ Раҳмон ба дили мардум бо кору пайкори созандааш, дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳиягари пояҳои ҳуқуқии миллат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон байни мардум маълуму машҳур шуд.
Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кард.
Ҳамчун як шахсияти таърихӣ халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид сохт, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст мухолифонро оғӯш кашид, ҷинояткоронро авф кард, гурезаҳоро ба ВАТАН баргардонд, ба МИЛЛАТ ваҳдат, субот, амният овард, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро ДАР ХИЗМАТИ ИНСОН гузошт, пояи давлатдориро аз сифр, низоми молияро аз хазинаи холии бағоратрафта, лашкарро бо сарфармондеҳони кироя, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуд, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард.
Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президентии соли 1994, 1999, 2006, 2013 ва 2020 ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комёб шуд. 15 апрели соли 2016 “Рӯзи Президенти Тоҷикистон ”-ро Парлумон тасдиқ кард. Декабри соли 2016 Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат”-ро ду палатаи парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расонид, ки ба он 25 декабр раиси ҷумҳур имзо гузошт. Ин Қонун аз муқаддима ва 16 модда иборат аст.
16 ноябр рӯзи савгандёдкунии нахустини Эмомалӣ Раҳмон буд, аз ин хотир ин сана ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” интихоб гардид. 16-уми ноябрро метавон рӯзи арҷгузорӣ аз заҳамоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон кард ва онро гиромӣ дошт. Зеро маҳз 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа оғоз кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, ки марҳилаи навини давлатӣ ва рушди минбаъдаи онро бунён ниҳод.
Шурӯъ аз ҳамин санаи муҳиму тақдирсоз Президенти тозаинтихобгардида, масъулияти бузургро бар дӯш гирифт ва тавонист, ки дар як муддати хеле кӯтоҳ ҷамъи парешонгаштаи моро ба ҳам оварад, сулҳу осоишро таҳким бахшад ва Тоҷикистони азизро аз вартаи ҳалокат вораҳонад.