Мардуми Тоҷикистон таҳти роҳнамои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ шуруъ карданд. Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, амнияти энергетикӣ ва хӯроквории худро таъмин кард ва рӯ ба саноатикунонии босуръат рӯ овард. Бо роҳнамоӣ ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат аънана ва маросимҳои миллӣ эҳё гардида, забони тоҷикӣ забони давлатӣ шуд.
Соли 2015 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ду палата иборат аст, Қонуни Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро қабул ва расмӣ кард ва хизматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан ро ба назар гирифта, ин унвони фахриро ба ӯ муносиб донист.
Сиёсати хирадмандона, оқилона, сулҳҷуёна ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар давоми беш аз 30 сол дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рушду такомули бесобиқа ба амал омад.
Аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ, ки таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат қарор дорад, дар зарфи ин солҳо бо таҷҳизоти тиббии замонавӣ ва мутахассисони тиббӣ таъмин шуда, табибон касалиҳои дилу чашм ва дигар ҷарроҳии нодири узвҳоро дар муассисаҳои тиббии ватанӣ бомаҳорат амалӣ мегардонанд.
Имрӯз дар кишварамон барои мубориза бо касалиҳои сил, диабет, саратон, маризиҳои дил, наъамандӣ ва ғайра 12 барномаи миллӣ роҳандозӣ шудааст. Дар соҳаи тандурустӣ ислоҳот дар ёрии аввалини тиббӣ-санитарӣ ва тибби оилавӣ, инчунин баҳри ҳифзи сиҳатии модару кӯдак ба амал омад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёмаш ба Маҷлиси Олии мамлакат гуфта буданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат аз 5 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10 миллион нафар дар моҳи июли соли 2022 афзоиш ёфтааст. Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур мебошад.
Бо ин мақсад, танҳо дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд.
Ҷаноби Олӣ дар Паёмашон таъкид намуданд, ки «бо вуҷуди он ки дар самти пешгирӣ кардан ва табобати беморон дастоварду пешравиҳои муайян ба назар мерасанд, вале ҳанӯз масъалаҳои тарбияи кадрҳо, хусусан, дар коллеҷҳои тиббии чи давлатӣ ва чи хусусӣ, аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мебошад».