Хабарҳо ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КАФЕДРАИ “ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Nov 16, 2023 0 Пеш 1 то 16 саҳифа Баъдӣ Санаи 16- уми ноябр барои миллати шарафманди мо санаи ифтихорманд ва фаромӯшнашавандаву таърихӣ ба ҳисоб меравад, чунки дар ин рӯз дар кишвари азизи мо Рӯзи Президент, рӯзи баргузории Иҷлосияи тақдирсоз, яъне Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин рӯзи ба кор даровардани агрегати якуми Нерӯгоҳи Барқии Обии “Роғун” ҷашн гирифта мешавад. Ин аст, ки тибқи дастуру супоришҳои директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи тасдиқ гардидаи шуъбаи ташкилӣ- тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон санаи 14.11.2023 дар кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” ҳамоиши идона бахшида ба ин ҷашнҳо таҳти унвони “Пешвои мо- ифтихори мо” баргузор карда шуд. Дар ҳамоиши идона мудири кафедраи “Технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсия” Сангинов Ғ., мудири кафедраи “Фармакология ва забони лотинӣ” Хоҷаева З., мудири кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” Сулаймонова О., омӯзгорони кафедраҳои мазкур ва донишҷӯёни факултети “Кори фарматсевтӣ ” иштирок намуданд. Ҳамоиши идона бо қироати Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Барномаи ҳамоиши идона аз маърӯзаҳои пурмӯҳтаво, қироати шеърҳо ва сурудҳо дар васфи Пешвои миллат, Ватан, Тоҷикистон , намоиши видеороликҳо оиди хизматҳои шоистаи Пешвои миллат, Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати якуми Нерӯгоҳи Барқии Обии”Роғун ” иборат буд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи ҳамватанони азизамонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, ба ҳамагон хонаободӣ, сарбаландӣ, саодати рӯзгор, осмони софу беғубор ва гулгулшукуфии Ватани маҳбубамонро таманно менамоем. 0 Мубодила кардан