Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷашн гирифтани Рӯзи парчами давлатӣ арҷгузорӣ ба хизматҳои фидокоронаи фарзандони бузурги халқамон Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ, Шераку Деваштич, Спитамену Муқаннаъ, Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаамон мебошад, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик барои ҳифзи ному нанг ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ҷоннисориҳо карда, забон, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми куҳанбунёдамонро то замони мо расонидаанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Барои мо сокинони шарафманди Тоҷикистон боиси ифтихор ва сарфарозии бузург аст, ки соҳиби рамзҳои давлатии худ аз қабили Нишони миллӣ, Суруди миллӣ ва Парчами давлатии худ ҳастем. Чунки яке аз нишонаҳои Истиқлолияти миллӣ ин ҳам бошад Рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Имсол аз қабули Парчами миллӣ 31 сол сипарӣ мешавад. Яъне ҳамасола санаи 24 – ноябр сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як санаи муҳимми таърихӣ – 31  – умин солгарди қабули Парчами давлатиро бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар таҷлил менамоянд. Соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ки дар он парчами кишварамон дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон дарҷ гардид. 31 сол мешавад, ки ин рамзи муқаддаси миллии мо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат парафшонӣ мекунад ва барои дастоварду пирӯзиҳои фарзандони арзандаи миллат дар кишварҳои гуногуни олам баробари садо додани Суруди миллӣ афрохта мешавад.

Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатдории мо бо се ранги худ баёнгари ҳувият, таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далели возеҳи соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо мебошад. Қабули Парчами давлатӣ дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихи давлати тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавону қувваи тоза бахшид ва онҳоро муттаҳид сохт, ки таҳти парафшонии маҳз ҳамин парчами давлатӣ сохти конститутсиониро барқарор ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намоянд. Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор мекунад.  Аз ин лиҳоз ҳифзи Парчам ва арҷгузорӣ ба он нишонаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад.

Қабули Парчами миллӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлат ва ҷомеаи худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаи халқамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯйи ояндаи дурахшону ободи давлату халқи Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ қадам гузорем. Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо, хусусан, наврасону ҷавонони кишвар ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз он дар зеҳну шуури ҳар як фард ҳанӯз аз синни хурдсолӣ тарбия карда шавад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар  шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси замони муосир ва равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ масъалаҳои ҳифзи истиқлолу озодӣ, суботу оромӣ, муқаддасоту арзишҳо, суннату анъанаҳо ва расму ойинҳои миллӣ барои мо аҳаммияти рӯзафзун пайдо карда истодаанд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд карда буданд: “Мо – мардуми Тоҷикистон – вазифадорем, ки дар зери Парчами давлати худ боз ҳам бештар муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон саъю талош намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз кунем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату сарҷамъиро таҳким бахшем ва ҷойгоҳу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем”.

Ҳамаи он дастовардҳое бузурге, ки насиби миллати тамаддунофари мо гардид самараи Истиқлоли миллӣ ва ҷаҳду талошҳои фарзонафарзанди миллати тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Парчами миллӣ воқаен ҳам нишонаи ҳастӣ ва нангу номуси халқ аст. Мо ифтихор мекнем, ки имрӯз Парчами миллии кишварамон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид парафшон гардидааст ва то имрӯз Тоҷикистони  азизи моро қариб 200 давлати дунё ба расмият шинохтааст ва бо бештари онҳо муносибатҳои дипломатӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дорад. Пас мо миллати куҳанбунёди тоҷикро месазад, ки боз ҳам ба рамзҳои давлатӣ эҳтиром гузорем ва онҳоро қадр кунем ва ба Пешвои миллати худ содиқ бошем.. Чунки ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба онҳо вазифаи шаҳрвандии мост.

Бигзор, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ифтихору сарбаландӣ, нангу номус ва сарҷамъии миллат дар фазои осудаву ороми кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди созандагиву рушди Ватани азизамон – Тоҷикистон бошад.

Шуҳрати Боғибек мудири кафедраи “Тибби ҳолатҳои фавқулодда мудофиаи шаҳрванди ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ”

Шарифхонзода Шаҳло Шарифхон – ассистенти кафедраи
“Тибби ҳолатҳои фавқуллода, мудофиаи шаҳрвандӣ
ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ” – и
МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.