Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд.
Парчам дар таърихи ҳар як халқу давлат мояи ифтихору ғурур буда, баҳри ҳимояи марзу бум, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва ватану миллат дар як саф қарор доштани фарзандони баору номуси кишварро ифода месозад. Аз ин нигоҳ, соҳиби Парчами миллӣ будан ифодагари рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёрро дорад ва парафшонии он дар ҳар гӯшаи сайёра баёнгари мавҷудияти миллат ва давлат ва ифодагари арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст.
Аз ин нигоҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории хеш лоиҳаи қонунро оид ба муқаррар намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парламенти кишвар пешниҳод намуд, ки тавассути ворид кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 19 ноябри соли 2009 дар рӯзи алоҳида таҷлили Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Ҳамин тариқ, ҳамасола рӯзи 24 ноябр дар кишвар чун рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гирифта мешавад. Дар соли 2010 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишвар оғоз ёфт, ки дар арафаи 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки мавзеи ҷойгиршавии он “Майдони парчам” номгузорӣ шуд, ки Парчами давлатӣ дар баландии 165 метр, паҳноии 30 метр ва бо дарозии 60 метр афрохта шуд, ки дар китоби рекордҳои Генис шомил гардид.