Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

АЗ ТАЪРИХИ ТАҲАВВУЛИ ТЕРРОРИЗМИ ЭТНИКӢ-МИЛЛАТГАРОӢ

Дар шароити муосир навъи терроризми этникӣ-миллатгароӣ низ хеле рушду таккомул ёфтааст. Муқовимати гурӯҳҳои террористӣ ба хотири ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ  аз ин ё он давлат ё афзалияти як миллат аз болои миллатҳои дигарро таъмин намудани хусусияти фарқкунандаи онро ташкил медиҳанд.

Терроризм сиёсатест, ки ба террор асос ёфтааст. Синоними калимаи террор (лотинӣ-terror)-ваҳм, ҳарос, хавф, даҳшат, ваҳшат, воҳима буда, ҷабр, зулм, таҷовуз ва тааддӣ мафҳумҳои ба он алоқаманд мебошанд.

Дар охири солҳои 60-уми асри 20 мафҳуми нави сиёсати терроризм-терроризми байналхалқӣ пайдо ва паҳн шуд. Намудҳои зерини терроризм маълуманд:

  1. Терроризми номуташаккил ё инфиродӣ, ки аз тарафи як ё ду нафар амалӣ карда мешавад ва аз паси он ташкилот ё идораи фармонфармо нест.

2.Терроризми муташаккил ё коллективона, ки фаъолияти террористиро кадом як ташкилот ё идора ба уҳда мегирад.

Аз рӯи мақсаду маром терроризмро ба чунин шаклҳо ҷудо кардан мумкин аст:

-терроризми миллатгароӣ, ки мақсади миллӣ-озодихоҳӣ ё ҷудоихоҳӣ дорад;

терроризми динӣ, ки мақсади барпо кардани ҳокимияти динӣ дорад;

-терроризми иҷтимоӣ, ки мақсади тағйироти қатъии иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеаро дорад ва баъзан ин шакли терроризмро инқилобӣ ҳам ном мебаранд;

Яке аз куҳантарин созмонҳои террористӣ, ин навъи терроризм- артиши ҷумҳуриявии Ирландия ба шумор меравад. Дар солҳои 20-уми асри ХХ парлумони Британияи Кабир ва сарварони сиёсии он бо намояндагони болоии ҳизби миллатчигии ирландҳо-католикҳо созишнома ба имзо расониданд.  Дар муддати солиёни дароз католикҳои Олстер худашонро аз ҷиҳати руҳиву равонӣ таҳқиршуда меҳисобиданд, зеро англисҳо онҳоро ба мушкилиҳои зиёди иқтисодию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мегардонанд. Сабаби асосии буҳрон дар Ирландияи Шимолӣ он аст, ки экстремистҳои католикӣ, ки шумораи зиёди онҳоро артиши ҷумҳуриявии Ирландия ба худ ҷалб менамояд, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба воситаи қувва ба протестантҳо таҳдид оваранд ва ҳукумати Британияи Кабирро маҷбур кунанд то ҳуқуқи автономии онҳоро бекор карда, онҳоро ба ҳайати Ирландия дохил намояд.

Яке аз машҳуртарин гурӯҳи террористии миллатгаро, ки дар ҷаҳон машҳур гаштааст ин “Эускадита Аскатасуна”, ки мазмунан ҳамчун “Озодӣ ва мамлакати баскҳо” ё дар шакли кутоҳшудааш ЕТА ба ҳисоб меравад. Решаи таърихии масъалаи  сепаратистии баскҳои Каталония ба асрҳои миёна мерасад. Аз миёнаи асри ХХ сар карда, ҳаракатҳои сепаратистии баскҳо ҷоннок мегардад. Ин ташкилоти террористӣ барои ба даст овардани мустақилияти Каталония аз тобеияти  Испания солиёни зиёд мубориза мебарад. Воқеан ҳам ин ҳудуди Испания аз дигарон бо доштани хусусиятҳои фарқкунандаи забонӣ, миллӣ, фарҳангӣ ва дорои сатҳи баланди иқтисодӣ буданашон ба куллӣ фарқ мекунанд.

Муттаасифона чунин ташкилоту гурӯҳҳои террористию миллатгароӣ дар ҷаҳон ба таври васеъ паҳн гардидаанд. Дар ҷаҳон чунин гурӯҳҳои зиёде ба монанди: Артиши озодибахши Квебек дар Канада, ҳизби коргарии Курд дар Туркия, Фронти халқии озодибахши Корсики дар Фаронса, ТОТИ созмони озодибахши Ҷумҳурии Тамил аз Шри Ланка, ҳаракати террористии Сикхҳо ва мубориза барои истиқлолиятхоҳии Хулистон дар Ҳиндустон ва ғайра амал менамоянд.  Ба ин гурӯҳ метавон созмони террористии арманиҳо АСАЛА ва Дашнактсутюнро, ки 8-уми январи соли 1977 дар шаҳри Москва бо анҷом додани силсила таркишҳо дар роҳи зеризаминӣ ва мағоза маълум аст, шомил намуд. Аз  соли 1993 дар Ҷумҳурии Халқии Хитой  Фронти халқии инқилобии Туркистони Шарқӣ  аз муборизаи сиёсӣ даст кашида ба ҷанги партизанӣ ва террористӣ оғоз мебахшад.  Мақсади асосии Юсуфбек Мухлисӣ, ки ба ҳайси садори ташкилот баромад мекард, ташкил намудани ҷумҳурии Уйғурӣ аз тобеи  Хитой озодро ташкил медод. Айнан чунин амал дар шароити ҳозира дар Федератсияи Россия дар минтақаи Қафқози Шимолӣ мушоҳида мегардад.

Ҳақиқати ҳол он аст, ки амали имтиёзноки ақаллиятҳои миллӣ бо мақсади ба сатҳи паст расонидани фаъолиятҳои миллатгароӣ ва динӣ, ё ин ки бо мақсади ташкил намудани давлати аз чиҳати этникӣ ягона ташкил медиҳад. Амалишавии ин мақсадҳо баъзан вақт аз ҳокимият ва музаффариятҳои  он дар шакли генотсиди миллӣ, поймол намудани ҳуқуқҳо дар хусуси худмуайянкунии миллӣ, терроризми миллӣ-сепаратистӣ, ки бисёр амалҳои террористиро ҳамроҳӣ мекунанд ва дар баъзе мавридҳо бо дигар амалҳои зӯроварии сиёсӣ ба монанди шахсони шӯришгар, бо роҳи ҳарбӣ ишғол намудани ҳокимият, ин гуна созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ зуҳур меёбанд, дохил мешаванд.

Раҳмонов С., – омӯзгори кафедраи фанҳои “Гуманитарӣ” – и
МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳурияӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.