МақолаҳоХабарҳо ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ Бо admin On Nov 22, 2023 0 Пеш 1 то 2 саҳифа Баъдӣ Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст, Қудрати озодагонро авҷи ҳиммат гаштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон як давлати соҳибистиқлол буда, дорои рамзҳо (ё муқадасоти милӣ) – и давлатии худ мебошад. Яке аз ин рамзҳо (ё муқадасоти милӣ), Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рамзи истиқлолият, озодӣ ва рамзи давлатдории Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо мебошад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 – уми ноябри соли 1992 ҳамчун як рамзи давлатӣ пазируфта ва қабул шудааст, ки аз ҳамон сол то инҷониб рӯзи 24 –уми ноябрро ҳамчун рӯзи Парчам дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукуҳу шаҳомат ва бо як ҳисси баланди Ватандорю Ватандӯстӣ ҷашн мегиранд. Вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 254 аз 12 май 2007 “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар мекунад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, аз се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта иборат мебошад. Рахи болоӣ рахи сурх ва рахи поёни бошад рахи сабз буда, андозаи паҳноии ин рахҳо баробар мебошад ва дар қисмати мобайни ин ду рахҳо бошад рахи сафед ҷой гирифта аст. Андозаи рахи сафед бошад, якуним баробар зиёдтар аз ин рахҳо муайян шудааст. Дар рӯи рахи сафед, дар қисмати мобайни парчам бошад, бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир карда шудааст. Ҳар яке аз ин рангҳои дар Парчами миллӣ омадашуда маънои хоси худро доро мебошад. Таносуби бар ва дарозии умумии Парчам 1:2 мебошад. Тоҷ ва ситораҳое, ки дар қисмати мобайнии Парчам ҷойгир шудааст, дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0 аз паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой дода шудаанд. Тоҷи баландиаш 0,55 аз паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2 аз бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 аз рахи сафед васл мегарданд. Агар аз нигоҳи таърих нигарем, калимаи «Парчам» вожае суғдӣ буда, ба маъни «зулфу кокул» ё ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ ва ё мӯйро мегуфтанд, ки бар сари дирафш ё найза мебастанд». Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони туркӣ ва аз забони туркӣ ба забони форсӣ роҳ ёфтааст. Парчам як рамз, як муқадасоти миллӣ мебошад. Воқеъан ҳам барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихор аст, ки дорои чунин муқадасоти миллӣ, дорои Парчами миллӣ ҳастанд ва дар сояи он осудаву ором кору фаолият ва оромона зиндагӣ мекунанд. Барои ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарз аст, ки ба қадри ин неъматҳо расанд ва ин муқадасотро поянда нигоҳ доранд. Барои давлати худ самимона хизмат намоян ва ин муқадасотро пойдор нигоҳ доранд. Ҷафаров Ҷовидон Исматуллоевич – ассистенти кафедраи “Технологияи информатсионӣ, ташхис ва табобати нурӣ” дар МДТ “Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ” Гулматов Аъзамхон Холматович – ассистенти кафедраи “Технологияи информатсионӣ, ташхис ва табобати нурӣ” дар МДТ “Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан