Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ПАРЧАМ РАМЗИ САОДАТ ВА ПИРУЗИИ МИЛЛАТ!

Маънои калимаи парчам вожае суғдӣ буда, маънии «зулфу кокул» яъне  ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ мегуфтанд ки бар сари дирафш ё найза мебастанд. Ниёкони мо ба маънии “парчам” бештар аз калимаи дирафш ё дирафши ковиёнӣ истифода кардаанд. Дирафши ковиёнӣ – парчами давлатии шоҳони қадими эронинажод, аз Пешдодиён то Сосониён буд.

Бархе аз муаррихон нахустин парчами миллиамонро яъне дирафши ковиёниро марбут ба парчами чармии Коваи оҳангар донистаанд, ки бо он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки морон бархост ва пешдомани чармии оҳангарии худро ба найзае овехта, онро парчами муборизаи дод бар бедод қарор дод. Ба қавли ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” Фаридуни Отибин пас аз шикасти Заҳҳок парчами чармии Коваро бо зару гавҳар орост ва онро диравши ковиёнӣ ном ниҳод.

Парчам дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҳамчун истилоҳ ба маънои ливо, байрақ, дирафш ва рамзи давлатӣ омадааст. Парчами давлатии Тоҷикистон бошад, бо таваҷҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат буда, ҳамчун рамзи худшиносӣ ва муайянкунандаи қудрати сиёсии давлат ва миллат маҳсуб мешавад.

Аз ин ҷост, ки Парчам рамзи ҳастӣ ва мавҷудияти ҳар як миллат буда, аз таъриху давлатдории он шаҳодат медиҳад. Парчам ба он хотир арзишманд аст, ки дар он соҳибихтиёрии халқ ва нангу номуси давлатдорӣ таҷассум ёфтааст. Зеро Парчам ба мисли Модар, Ватан ҷовидониву муқаддас ва ягона мебошад. Эҳтиром ба парчам аз он барнамеояд, ки онро болои мизи корӣ ё дар пушти гардани худ печондаву гардонем. Балки эҳтиром ин хиёнат накардан бар арзишҳои ҳамин миллату давлат, ҳамин Ватану сарзамин мебошад. Хизмат кардан барои саодати миллат, барои рушди Ватан ва даст назадан ба амалҳои бад беҳтарин шеваи эҳтиром ба парчами миллӣ мебошанд. Овардани як нукта аз суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бамаврид аст: «Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст… Бинобар ин, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ – Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ бояд дар миёни мардум ва пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон ҳамчун рамзи нангу номус ва шарафи миллӣ вусъат пайдо намояд».

Хулоса, таҳти парафшонии Парчами давлатӣ Тоҷикистон ташаббусҳои бузурги хешро баҳри ҳалли мушкилоти глобалии сайёра аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба миён гузошта, бо ин роҳ эътибори байналмилалии ҷумҳуриамон ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳон аст. Дар ҳақиқат, Парчами давлатии мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Декани факултети “Кори ҳамширагӣ” и
таҳсилоти шабонаи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”
Фатихова З.Ҷ.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.