МақолаҳоХабарҳо КОРРУПСИЯ-ВАБОИ АСР Бо admin On Nov 22, 2023 0 Яке аз падидаҳои нохуш ва номатлубе, ки ҷомеаи чаҳониро фаро гирифтааст, ин ҳодисаҳои коррупсионӣ мебошад.Пеш аз ҳама мо бояд ба моҳияти ин калима, яъне коррупсия сарфаҳм равем ва маънои луғавии онро донем.Коррупсия (калимаи лотинӣ corrupsion- фассод, зараррасонанда, вайронкунанда, бо пора ба худ тобеъ кардан, ришваситонӣ, ришвадиҳӣ, хушомадгўи, сўистифода аз мансаб) зуҳуроти хавфноки ҷамъиятӣ дар соҳаи сиёсат ва идоракунии давлатӣ мебошад. Воқеан, коррупсия дар ҳар давру замон садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гардида, оромиву суботро халалдор карда, сабаби коста гардидани боварии мардум ба мақомоти давлатӣ мегардад. Муаррихон ва ҷомеашиносон пайдоиши коррупсияро ба давраи таназзули ҷомеаи ибтидоӣ ва ба миён омадани давлатҳои нахустин, яъне ба замоне вобаста медонанд, ки вазифаи идоракунӣ имконияти ба даст овардани фоидаро ба вуҷуд оварда буд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат бо коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлубро дар ҳар баромаду мулоқотҳои худ махсусан таъкит менамоянд. «Фаромўш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад» Оқибатҳои манфии коррупсия ва сари вақт пеши роҳи ин ҳодисаҳои коррупсиониро нагирифтан албатта ба таҳқири аҳолӣ ва монеа эҷод намудан дар фаъолиятҳои онҳо, нобаробарии иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ, қашшоқ ва паст шудани сатҳи зиндагии қисми бештари аҳолӣ, зарар овардан ба рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзиву хоҷагидорӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон оварда мерасонад.Аз ин рў баҳри ташаккул додани соҳаҳои гуногун ва беҳтару хубтар шудани сатҳи зисту зиндагонӣ ва фаъолияти босамари аҳолӣ мо ҳама дастаҷамъона пайи ислоҳ ва бартараф намудани ин камбудиҳои ҷойдошта камар бандем. Ин аст, ки барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бурдан бо фаъолияти коррупсионӣ 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди коррупсия қабул карда шуда, рўзи 9-уми декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлат барои ҳамроҳшавии дигар давлатҳои ҷаҳон баргузор гардид.Ҳамин тариқ, санаи 9-уми декабр ҳамчун « Рўзи байналмилалии мубориза бо коррупсия» пазируфта шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид. Инчунин, бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кўшишҳои зиддикоррупсионии давлат ва муборизаи бевосита бо коррупсия, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба раванди муқовимат бо он дар заминаи Конвенсияи зикршуда бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.Вазифаҳои асосии Агентиро пеш аз ҳама назорати давлатии молявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ , тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмўи тадбирҳои сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ ташкил медиҳад. Хулоса, акнун ҳамаи мақомотҳо ва аҳолии ҷумҳуриро мебояд, ки бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ муборизаи беамон бурда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро, ки дар паёми навбатӣ ироа гардид, сармашқи кори хеш қарор дода, барои зиндагии шоиста, камари ҳиммат бандем ва бо дасту дили пок ҳаёт ба сар барем. Санавбари Ёдгор-омўзгори кафедраи“Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ”- иМДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан