Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

«ПАРЧАМИ МИЛЛӢ» – ТАҶАССУМГАРИ АСОСҲОИ ТАЪРИХИИ МАРДУМИ ТОҶИК

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Парчами миллии Тоҷикистон рамзи давлатдории мо дар ҷаҳон аст, ки он бо ҳамин шакл 31-сол қабл дар ҷаласаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардидааст. 24 ноябри соли 1992 дар шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Низомномаи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. 22 ноябри соли 1994 дар бораи даровардани илова ба Низомномаи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурои олӣ қонун қабул кард.

Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2009 санадеро ба имзо расонида буд, ки тибқи он ҳар сол 24-уми ноябр “Рӯзи парчами миллӣ” таҷлил мегардад:

Чист парчам? Ифтихори миллат аст,

Чист парчам? Иқтидори миллат аст.

Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,

Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.

Ниёгони мо аз қадимулаём соҳиби парчам буданд, ки он бо номи диравш машҳур буд. Диравши давраи сосониён чор ранг дошт; сурх, сафед, сабз ва зард. Ҳар як ранг рамзи Хешро дошт. Паҳлавонони номӣ ба монанди Рустам, Гударз, Тус, Гев, Сиёвуш ва ғайраҳо диравши хешро доштанд.

Тоҷикон дар тӯли асрҳо соҳиби парчамҳои гуногун буданд, вале дар хусуси парчамҳои давлати Сомонӣ ва давлатдориҳои сонӣ маълумоти дақиқ нест. Ҳатто, парчами Аморати Бухороро аз ду ранг – сабзу сурх, моҳу ситора ва як навиштаҷоти заррин иборат буд ва дар канори чапи он рӯйи хатти сабз ҷумлаи «Султон сояи Аллоҳ дар рӯйи замин» ҳаккокӣ шуда буд.

Соли 1921 парчами Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро қабул шуд, ки ҳамранги ҳамон парчами амирӣ буд. Танҳо ба ҷои навиштаҷоти «Султон сояи Аллоҳ дар рӯйи замин аст» чор ҳарф «БНСР» дар рӯй нақш гардид, ки ихтисоршудаи «Бухарская Народная Советская Республика» аст. Пас аз се сол ранги парчам сурх шуд. Дар солхои 1924-1928 парчами Тоҷикистон саросар сурх буд. Фақат дар канори чапи он доси тоҷикиву болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти нав ба хатти форсӣ – «Пролетарҳои ҳама ҷаҳон, ба ҳам оед» – ҷой гирифт.

Аз соли 1953 то соли 1992 сохтори Тоҷикистон нисбатан сода буд, аз боло ва поён ранги сурх ва дар миёни ду хатти нисбатан борики сабз дошт. Дар гӯшаи чапи аз боло досу болға ва ситорача ҷойи худро ҳифз карданд.

Имрӯз парчами миллии мо дар баландии 165 метр қомат афрохта бару дарозии он 60×30 метр мебошад. Соли 2011 ба китоби Гиннес дохил карда шуд. Шояд аввалин маротиба дар таърих тоҷикон парчам эҷод карда бошанд:

Бол кушо, бол кушо ранги ба ранг,

Сабзу сафеду лоларанг.

Тоҷи ситораҳо қашанг,

Тоҷи сар астӣ, эй ватан.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон–рамзҳои соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён ва дӯстию бародарии халқҳои сокини давлати мо мебошад. Аммо ин тахмин аст. Парчами давлатӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи Сурх, Сафед ва Сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд.

Ранги сурхи парчам нишон аз муборизаҳои халқи тоҷик аз замонҳои қадим ба муқобили аҷнабиён барои ҳастии худ, муҳофизати маданияташ, анъанаҳои миллиашро фаромӯш накарданаш дарак медиҳад.

Ранги сафеди парчам ин рамзи ростию покист. Ниёгони мо одамонро ба покизагии виҷдон, адлу инсоф ҳидоят мекарданд.

Ранги сабзи парчам ранги баҳору деҳқонӣ мебошад. Инчунин ранги сабз нишона ва ранги биҳишт дониста мешавад:

Парчами Тоҷикистон,

Се ранг карда дар бар.

Дар рӯйи он шукуфта,

Гулҳои ҳафт ахтар.

Сурхӣ бувад нишона,

Аз азму ҷоннисорӣ,

Ранги сафед – рамзест,

3-иқболи бахтиёрӣ.

Дар ранги сабз дарҷ аст,

Сарсабзиҳои кишвар

Бояд, ки сабз бошад,

Ин мулки мо саросар.

Дар деворнигораҳои шаҳри Панҷакенти бостонӣ, ки ба асри 7 мансубанд, тасвири парчами суғдиёнро метавон мушоҳида кард. Деворнигорае чунин манзара дорад: Рустам баъди мағлуб кардани аждаҳои одамсар бо ёронаш ҷонибе равона аст ва дар сари найзаи ду нафар аз онҳо парчамҳои зардранги сегӯшагуна дида мешавад. Дар миниотураҳои асри миёнагие, ки дар китобҳои ашъори шоирони классик ва дар «Шоҳонома»-ҳо кашида шудаанд, тасвири парчам зиёд ба чашм мерасад. Дар «Шоҳнома» сурати саҳнае аз ҷанги лашкари Кайқубод бо Афросиёб омадааст. Ин ҷо дар болои тоскӯлоҳи сарбозон парчамҳои сегӯшаи рангашон сурху зард тасвир шудааст.

Аксар парчамҳои дар миниотураҳои классики тасвиршуда сегӯшаанд ва рангҳои сафед, зард, бунафш ва сурх доранд. Истифодаи ранги сурх афзалият дорад:

Парчами тоҷикон ҳар дам бол занад,

Дар дили кишвари овозадор.

Чун қосиде, барад ҳар сӯ навид,

Аз ташаббусмандиҳо бо ифтихор.

Зери парчам ҷамъ бошед, ҳамагон!

Баҳри ҳам чун шамъ бошед, ҳамагон!

Дар канори ҳам бошед, ҳамагон!

Гирди Пешво ҷамъ бошед, ҳамагон!».

Декани факултети
“Кори фарматсевтӣ баъд аз хатми синфи 9”
МТД “Коллеҷи тиббии Чумҳуриявӣ”
Додоев Б.Н.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.