Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД

Бигузор,  парчами  пурҷило  ва  нурафшони   истиқлолият  дар  дилу  дидаи   ҳар як  сокини  Тоҷикистон  ин  Вантанро  афзунтар  намояд  ва  асрҳои  аср  дар  фазои  озоди  кишварамон  парафшонӣ  намояд ва парафшонии  парчами  озодиву  саодати  соҳибистиқллоли  мо  ҷовидон  бошад.

 Эмомалӣ Раҳмон

Парчами  миллӣ яке аз  рамзҳои  муҳими  Истиқлолияти миллӣ  ва давлатдории муосири мо,  таҷассумгари  асосҳои  таъриҳӣ  ва  рамзҳои  давлатдории гузаштаи  тоҷикон,  инчунин  ифодакунандаи  мақсаду  маром  ва  орзуву  ормонҳои  тамоми   мардуми  Тоҷикистон  мебошад.

Ниёгони мо  аз  қадимулайём  соҳиби  парчам  буданд,  ки  он  бо  номи  “ Дирафши  Ковиён”  машҳур  буд. 24-уми  ноябри  соли  1992  дар  Шўрои  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  шаҳри  Хуҷанд   Низомномаи  Парчами  Давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   қабул  карда  шуд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24- уми ноябри соли 2009 Рўзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рўзи муборак ҳамасола бо шукўҳу шаҳомати хосса ботантана тачлил мегардад. Парафшонии Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти Точикистони соҳибистиқлол  дар  шаҳри Душанбе боиси ифтихори ҳар фарди ватандўсти мамлакат гардид.Бешубҳа, қомат афрохтани Парчами миллӣ, ки баландтарин дар чаҳон аст,  ба шаҳри Душанбе ҳусну латофату зебоии иловагӣ бахшида,мавзеи ҷойгиршавии онро “Майдони Парчам”номгузорӣ намуданд.

Парчами  давлатӣ  аз  матои   росткунҷаи  нафису  зебои  серангаи  сурх,  сафед  ва  сабз  тартиб  ёфтааст, ки ҳар  ранг   маънои  мушаххасро  ифода  менамояд.

Ранги  сурх-  мубориза  барои  озодӣ,  шуҷоат  ва  мардонагӣ,    рамзи  истиқлолияти  бадастомадаро  ифода  мекунад. Ранги  сафед-  рамзи  тозагӣ,  покӣ,  роҳи  сафеди  зиндагӣ,  ояндаи  дурахшони  ҷумҳуриро  ифода  мекунад. Инчунин  ранги  сафед  рамзи  хубиву  хушнудӣ  низ  мебошад. Ранги сабз-  рамзи  табиати  сабзу  ҳамешабаҳори мо,  сарсабзиву  хуррамии кишварро  тасвир  мекунад.Тоҷ-  нишон  аз  тоҷдорию  давлатдории   тоҷикон  аст. Ҳафт  ситора- рамзи  ҳафт  қабати осмон,  ҳафт  бародарон, ҳафт ахтар  аст.

Рангҳои  парчами  мо  хушҷило,

Тоҷи он  мероси  кайшоҳӣ бар  мо.

Ҳафт  ахтар,  ҳафт  бурҷи  роҳи  нур,

Роҳкушои  олами  бахту  сурур.

Тоҷикистон, Парчамат  поянда  бод,

Ҷовидон  фарзандҳоят  зинда  бод.

Ранги  сабзаш,  сабз  шуд  аз  ҷони  мо,

Ранги  сурхаш  хуни  аҷдодони  мо.

Дар  сафедияш  раҳи  бахти  сафед,

Мебарад  моро  ба  фардои умед.

Тоҷикистон,  Парчамат  поянда  бод, 

Ҷовидон  фарзандҳоят  зинда  бод!.

 

Табарзода Низомуддин-омӯзгори кафедраи
“Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ”- и
МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.