МақолаҳоХабарҳо ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ, РАМЗИ ОСОИШТАГӢ ВА ЯГОНАГИИ МИЛЛАТ Бо admin Охирин навсозӣ Nov 22, 2023 0 Рӯзи Парчами давлатиро ҳамасола ҳамчун Иди умумимиллӣ ҷашн мегирем. Миллати тоҷик, ки дорои таърих ва суннатҳои хеле қадимаи давлатдорӣ мебошад, аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлатҳои муттамарказ ва рамзу унсурҳои хос буд. Парчам ва ойини парчамдорӣ дар миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дорад ва ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти муҳиммияти суннати парчамдорӣ, мо баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар раванди ташаккули низоми давлатдории муосири худ баробар бо қабули Конститутсия ва дигар рамзҳои давлатӣ Парчами кишварамонро ҳамчун нишонаи ҳастӣ, осоиштагӣ ва пойдории давлатдории миллиамон қабул намудем. Боиси хушнудист, ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1994 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар менамояд. Дар заминаи пазируфтани Парчами давлатӣ Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Бояд қайд намуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯйи рахи сафед аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст. Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлӯи амудиаш 0,8 ва паҳлӯи уфуқиаш 1,0 аз паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.Тоҷи баландиаш 0,55 аз паҳнои рахи сафед ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2 аз бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 аз рахи сафед васл мегарданд. Рангҳои миллии тоҷикон чун дигар мардуми ориёнажод ва эронитабор сурху сафеду сабз ҳастанд, ки аз гаҳи бостон то замони кунун расидаанд. Дар ҳамагуна давлату давлатдории ҷаҳон парчам яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб рафта дар байни мардум бо номҳои алам ва байрақ низ машҳур будааст. Калимаи байрақ туркӣ буда, маънояш – роят, парчам, ливо, дирафш мебошад ва дар байни халқ солҳои дароз маъмулу мақбул гаштааст. Аз оғози қабули Парчами давлатӣ миллати созандаи тоҷик таҳти ливои озодиву соҳибихтиёрии худ муттаҳид гардида, барои ободонии Ватани худ ва ба як кишвари пешрафта табдил додани он то имрӯз азму талош дорад. Дар ин раванд, соли 2009 ба нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи нангу номуси ватандорӣ Парчами давлатии Тоҷикистон дар пояи баландтарин афрохта шуд, ки имрӯз мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди бонангу номус буда, майдони ҷойгиршавии он макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардидааст. Воқеан, Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳифзи истиқлолияту дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад. Дар ҷаҳони муосир беш аз 210 давлатро маҳз тавассути парчами онҳо эътироф мекунанд, зеро ин рамзи муқаддас муаррифгари давлатҳои мустақил, аз ҷумла халқи тоҷик ва давлатдории он дар арсаи олам маҳсуб мешавад. Вақте ки дар ин ё он гӯшаи олам парчами тоҷикон ба ифтихори дастовардҳои варзишиву фарҳангии фарзандони Ватанамон афрохта мегардад, сари мо – тоҷикон баланд мешавад ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкам мегардад. Имрӯз шукронаи давлати соҳибистиқлоламон аст, ки парчам тавассути амалҳои созандаву ободгаронаи фарзандони ватандӯсту бонанги мо дар қалби ҳар фарди ҷомеа ба вожаи воқеан муқаддас табдил ёфтааст. Азимова Машҳура-омўзгори кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. 0 Мубодила кардан