Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН ТОҶИКИСТОН

Ба ҳама мардуми шарифи Точикистон маълум аст, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист.

 Боиси ёдовари ва ифтихор аст , ки аз ҳамон рузе ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон ба вазифаи призиденти Чумҳурии Точикистон интихоб шуданд ҳамчун нишони садоқати ватандӯстӣ парчамро бӯсида, сипас ба иҷрои вазифа оғоз карданд. Чунин арзи эҳтиром ба Парчами давлатӣ нахустин қадами самимӣ ва садоқат дар ҷодаи ба ҳам овардани миллат буд. Аз ин ру, бузургдошти Парчами давлати – арчгузори ба тачрибаи давлатдории гузуштагони форсу точик маҳсуб ёфта, ҳимоя ва кадрдонии он ба кушишҳои ҳар як фарди чомеа тавъам мебошад.

Пачам рамзи абади, бардавомии таърихи давлатдории миллии точикон мебошад. Мо баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар давраи ниҳоят вазнину ҳассоси ҳаёти халқамон бо истифода аз таҷрибаи ниёгони шарафмандамон парчами давлати худро интихоб ва қабул кардем, ки он мардуми моро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ сафарбар намуд. Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад.

Парчами миллӣ ифодагари ору номус, шаъну шараф ва эътибори милливу давлатии тоҷикон буда, муҳаббат ва ифтихор доштани он дар рагу пайванд ва қалби ҳар ватандор маъво гирифтааст. Бо орзую умедхои нек гуфтани ҳастам ки дар арафаи иди парчам, ҳамаи фарзандони бонангу номуси миллати мо рисолату асолати давлатдории милли ва карзи мукаддаси шаҳрвандиашонро дарк намуда, барои ҳифзи арзишҳои милли, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёси ва пешрафти Ватани азиз нерую дониши худро дарег намедоранд. Мисли рангҳои парчамамон ба шумо бахту саодат, сарбаландиву сарсабзиро орзумандам!

Мудири кафедраи; “Технологияи дорусозӣ,
ташкил ва иқтисоди фарматсия”.
Сангинов Ғолиб Некадамович

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.