Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАФАККУР ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ – ЗАМИНАҲОИ РАФЪИ ОМИЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ

Ҷаҳонбинии зидди коррупсионӣ яке аз омилҳои муҳим ва манбаи ташаккули тафаккури солими шаҳрвандон ба шумор меравад. Ҷаҳонбинии зидди коррупсионӣ эҳтиром ва гироми доштани арзишҳои олии иҷтимоӣ – сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва маънавиро фаро гирифта ривоҷу равнақи онҳоро тавассути восита ва тарзу усулҳои мақсадноки таъсиррасонӣ пешбинӣ менамоянд. Аз ҷониби дигар, ҷаҳонбинии зидди коррупсионӣ баёнгари мафкура ва рӯҳияи  солими инсони комил ва ҳидояти он ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ мегардад. Дар иртибот ва баррасии ин масъала моро водор менамояд, ки ба мафҳум ва мазмуни “Коррупсия” назар андозем. Зеро дар робита бо ҷаҳонбинии зидди коррупсионӣ шарҳ ва баёни мафҳуми коррупсия ҳамчун як навъ падидаи  номатлуби ҷамъияти инсонӣ ба маврид аст.

Тахлилҳо нишон медиҳанд, ки мафҳум ва ибораи “коррупсия” манзури назари мавзӯи илмиӣ – тадқиқоти замони муосир гардидааст. Гарчанде пайдоиши ин шохаи илм ба давраҳои гуногуни таърихӣ рост меояд, ё худ дарачаи омӯзиш ва таҳлили ин масъала ба худ ҷалби истифода усулҳои гуногуни илмӣ – назариявӣ ва амалиро тақозо менамояд.

“Коррупсия” аз калимаи лотинӣ “corruptio” баромада, маънои “ришва” – ришваситониро дорад. Ин мафҳум бештар мутааллиқи амалӣ ходимони ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, мансабдори давлатӣ ё ашхоси вазифадор, ки ба дорошавии ғайриқонунии шахсии онҳо нигаронида шудааст пиндошта мешавад.

Тарбияи ҳуқуқӣ афзунгардии нақши он дар ташаккули фарҳангӣ- ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ аз ҳамагуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа аз қабили қонуншиканиҳо дар иҷрои Фармони Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон, аз 9 аперли соли 1997 №691 “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 1997 №883 “Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон  ва корҳои ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ” дарҷ гардидааст.

Аз ҷониби дигар, тарбияи ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи ташаккули ҷаҳонбинии зидди коррупсионӣ маҳсуб меёбад. Ҷаҳонбинии зидди  коррупсионӣ як шакли муайяни маърифат буда мутаалиқ ба дунёи маънавӣ-ҳуқуқии шахс аст. Ҳамзамон ҷаҳонбинӣ навъҳои худро дорад аз ҷумла сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва ғ. буда, ҳар яки он ба тарбияи ҳуқуқии шахс робитаи зич дорад.

Тарбияи ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъи таркибии тарбияи ҷомеа ба шумор рафта, бо назардошти эҳтиёҷот ба ташаккули шуур ва фарҳанги ҳуқуқӣ, фаъолиятест муташаккил, мунтазам ва мақсаднок, ки маҷмӯи имконоти мусбатро аз қабили тасаввуроти арзишҳои маънавӣ ва ҳуқуқии ҷомеа бо мақсади ноилгардӣ ба мақоми инсони комил дар рафтори шахс инъикос менамояд афзалиятнок аст.

Тарбияи ҳуқуқӣ бо самтҳои дигари тарбия аз ҷумла тарбияи ғоявӣ, миллӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ , ватанпарастӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, таҳаммулпазирӣ равобит ва алоқаи зич дорад.

Фаъолияти коррупсионӣ вобаста ба вуқӯъ пайвастанаш ҳамчун тамоюли зиддиҳуқуқӣ ном бурда мешавад. Аз ҷониби дигар, кирдори коррупсионӣ навъҳои худро дорад. Чунончи, ташаккули ҷаҳонбинии коррупсионӣ аз кирдори коррупсионӣ сарчашма мегирад ва қоидаҳои сар задани онро қонунгузории маъмурӣ ва ҷиноятӣ ҳамчун кирдори зиддиҷамъиятӣ баррасӣ намудааст.

Бояд қайд кард, ки ҷаҳонбинии коррупсионӣ ҳамчун “ҷаҳонбинии номатлуб” низ ном бурда мешавад ва таърихи тӯлонӣ дорад. Аз ин лиҳоз, падидаи номатлуби навбунёд номидани он нодуруст аст. Зеро ҷаҳонбинии коррупсионӣ аз ҷомеаи ибтидоӣ ба миён омада то ба имрӯз ташаккул ёфтааст. Аз ҷониби дигар, он як воситаи пастравии маърифати инсонӣ ба шумор рафта, барои фалаҷшавии  ҳаёти ҷомеа ва ҳатто аз миён бурдани давлат боис мегардад ва фасодкорӣ маншаи аслии ин ҷаҳонбиниӣ ба ҳисоб меравад.

Дар “Барномаи давлатии таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доираи субъектони тарбияи ҳуқуқӣ номбар шудаанд, ки ҳайати субъектон муайян шудааст ва давлат дар назди онҳо вазифаҳои мушаххасро оид ба баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқи аҳолии кишвар вогузор сохтааст, ки чунин иқдом ҳамчунин воситаи муҳим ва арзанда дар самти мубориза ба коррупсия ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина, баҳри комёб гаштан ба ҷаҳонбинии зидди коррупсионӣ ҳадафҳои зеринро бояд мавриди омузиш қарор гиранд,  аз ҷумла:

– ҳамаҷониба бароҳ мондани омӯзиши дониш ва малакаи ҳуқуқӣ,

– ба вуҷуд овардани маҳорати амалии татбиқ намудани қоидаҳои рафтори ҳуқуқӣ.

Муваффақ гаштан ба пешгирӣ ва решакан намудани коррупсия ба таври васеъ истифодаи воситаҳои таъсиррасонии тарбиявиро тақозо менамояд. Сарфи назар аз гуфтаҳои боло вазифаҳои тарбияи ҳуқуқӣ аз донистани ҳуқуқ ва риояи вазифаҳои мушаххас иборат мебошад. Дар навбати худ, ташаккули чунин сифатҳои рафтори ҳуқуқӣ ба фароҳам овардани имкониятҳои судманд баҳри пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия боис мегиранд.

Омӯзгори кафедраи фанҳои “Гуманитарӣ” – и
МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”
Авазов А.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.