Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ПАРЧАМ – МУАРРИФИКУНАНДАИ ДАВЛАТ ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ

“Парчами давлатӣ барои мо- тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.”

Эмомалӣ Раҳмон

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон симои сиёсии давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ  бо номи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад. Инчунин парчамро рамзи осоиштагиву сулҳ ҳисобидан мумкин аст, зеро он ғурури миллиро дар қалбҳои ҳар як фарди тоҷик бедор месозад. Парчами миллии Тоҷикистон барои тарбия намудани мардуми шарафманди кишвар дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ, ватанпарастӣ, ваҳдати миллӣ, ободкорию меҳнатдӯстӣ ва сулҳу осоиштагӣ нақши бузург дорад.  Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ  кишвари моро бо ҳамин Парчами нурафшон мешиносад. Маҳз бо ҳамин Парчам мо тавонистем давлати хешро миёни дигар давлатҳо муаррифӣ намоем.  Парчам муайянкунандаи мақом, симо ва ҳастии сиёсии давлат ба шумор меравад. Боиси сарфарозиву ифтихори мост, ки  Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар бинои  Созмони Миллали Муттаҳид  дар  қатори парчами дигар давлатҳои тараққикардаи дунё парафшон аст ва узвияти давлати моро ба ин Созмони бонуфузи сиёсӣ тасдиқ менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон  бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқу ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл афрохта мешавад:  дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти Ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо) – доимӣ; дар болои биное, ки иҷлосияҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо ва  ноҳияҳо  гузаронда мешаванд – дар тамоми давраи гузаштани иҷлосияҳо, маҷлисҳои намояндагон (ҷамоат)-дар тамоми давраи маҷлис;
дар болои биноҳои вазоратҳо, кумитаю идораҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, иттиҳодияю ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дар болои биноҳои истиқоматӣ – дар рӯзҳои ид ва рӯзҳои хотиравие, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

Ба ҷо овардани эҳтиром нисбати ин муқаддасоти миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд мебошад. Зеро Парчам рамзи Истиқлолият ва ҳастии миллат аст. Аз фурсати муносиб истифода бурда тамоми ҳамватанони азизро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод  гуфта, саломатӣ, бахту саодат, осмони софу беғубор ва тамоми хушиҳои зиндагиро тамонно дорам. Бигузор дар фазои Тоҷикистони азизи мо ҳамеша сулҳу ваҳдат, дӯстиву ягонагӣ пойдор бошад ва Тоҷикистони азизи мо зери Парчами миллии худ таҳти сарварии хирадмандонаи   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир ҷойгоҳи муносиби худро ишғол намояд.

Ниёзов Саидалӣ – омӯзгори кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” – и МДТ  “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.