Хабарҳо ҲАФТАИ ФАННӢ ДАР КАФЕДРАИ “ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Dec 6, 2023 0 “Зан-Модар, ки офаранда ва тарбиякунандаи авлоди башар аст, ҳаёт ва неъматҳои бузурги он озодӣ, сулҳ, оромӣ ва осудагиро бештар қадр мекунанд. Ҳамду сано ба Модар, ки муҳаббати ӯ интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ӯст”. Эмомалӣ Раҳмон Санаи 05.12.2023 дар асоси дастуру супоришҳои директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи тасдиқгардидаи шуъбаи тарбия дар доираи ҳафтаи фаннии кафедра бахшида ба 32- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни факултети “Кори фарматсевтӣ” чорабинии адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Қадри модар” баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ муовини директор оид ба тарбия Саидова М.М., муовини директор оид ба таълими амалӣ Давлатзода А.Д., роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард”- и Тоҷикистон Саидов А., сардори шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонони муассиса Шаҳроми Зайниддин, декани факултети “Кори фарматсевтӣ” ( синфи 9) Додоев Б.Н., мудирони кафедраҳои забони тоҷикӣ ва табиӣ-риёзӣ, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Мақсад аз гузаронидани чорабинии тарбиявӣ- ин тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи ҳурмату эҳтиром нисбат ба падару модар ва расидан ба қадри онҳо мебошад. Сарчашмаи ҳамаи комёбиҳову муваффақиятҳои як каф дуои модар аст. Барномаи чорабинӣ аз қироати қиссаҳо, шеърҳо ва таронаҳо дар васфи модар, намоиши наворҳои видеоии тарбиявӣ ва саҳнаи тарбиявӣ дар мавзӯи ҳурмату эҳтироми падару модар ва рақсҳои ҷолиб иборат буд. Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи роҳбарияти муассиса як қатор донишҷӯён ва кормандон барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангии коллеҷ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Пеш 1 то 17 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан