Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ДАРСИ КУШОДУ НАМУНАВИ ДАР КАФЕДРАИ “ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТИ, ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ НУРӢ”-И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИБИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Мақсади ворид шудани мо ба ҷараёни илму техникаи ҷаҳонӣ шинос намудани насли наврас бо дастовардҳои навтарини илм, технологияи пешқадами иттилоотӣ ва дар ин замина омода сохтани мутахассисони баландпоя мебошад.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Басо  рамзист, ки  Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  навбатии  худ ба  Маҷлиси Олӣ,  солҳои 2020 – 2040 – ро «Бистсолаи  омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ,  дақиқ ва  риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд.  Қобили зикр  аст,  ки  чунин дастуру  ҳидоятҳои  хирадмандонаи роҳбари Муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода тамоми шароитҳоро барои  машғулиятгузарони дар кафедраҳо  фароҳам оварда шудааст. Ҳамин тавр санаи  12  декабр соли  ҷорӣ  дар кафедраи “Технологияи иттилооти, ташхис ва табобати нурӣ”аз ҷониби омӯзгор Зарипов Н.М., дарси кушод  намунавӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ дар мавзӯи “Муҳити кори  Microsoft Excel” бо иштироки донишҷӯёнӣ гурӯҳи 105 курси якуми факултети “Кори ҳамширагӣ” гузаронида шуд. Ҳамчунин муаллим дар раванди дарс доири мавзӯи зикршуда бо истифодаи аз аёниятҳо ва слайдҳои ҷолиб, сохтани ҷадвалҳои электрони ба донишҷӯён фаҳмонид. Мақсади гузаронидани дарси кушоди намунави, ин баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён мебошад.

Дар дарси кушод намунавӣ  сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Давлатов  А.Т., мутахасисони ҳамин шуъба Сафаров А.И., мудири кафедраи “Тибби ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи шаҳрвандӣ  ва омодагии ибтидоӣ ҳарбӣ” Шуҳрати Боғибек,   ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.

Омӯзгорон кафедра кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои дар оянда боз ҳам хубтару беҳтар гузаронидани дарсҳои кушод аз ҳама роҳу усулҳои таълим истифода намоянд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.