Хабарҳо СЕМИНАРИ МАШВАРАТӢ ДАР МАВЗӮИ “АҲМИЯТИ КОМПЮТЕР ДАР СОҲАИ ТИБ” ДАР КАФЕДРАИ “ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ, ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ НУРӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Dec 11, 2023 0 Дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз оғози соли таҳсили 2023 -2024 табқи дастуру супоришҳои роҳбари Муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар доираи Нақшаи – чорабиниҳои коллеҷ дар самти ба роҳ мондани фанҳои дақиқ оиди муҳтавои паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, солҳои 2020 – 2040 – ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» семинари машваратӣ гузаронида шуд. Вобаста ба ин иқдом дар санаи 11 – уми декабр соли ҷорӣ дар кафедраи “Технологияи иттилоотӣ, ташхис ва табобати нурӣ” аз ҷониби омӯзгори кафедра Ҷафаров Ҷ.С., семинари машваратӣ дар мавзӯъӣ “АҲМИЯТИ КОМПЮТЕР ДАР СОҲАИ ТИБ” миёни донишҷӯёни курси дуюми факултети “Ташхис ва табобати нурӣ” ва ″Кори ҳамширагӣ″ баргузор гардид. Дар семинари машваратӣ иштирок намуданд декани факултети ″Кори ҳамширагӣ″ Бобоев Б.А., декани факултети ″Кори табобатӣ″ Сафаров Х., мудири кафедраи ″Фанҳои морфологӣ″ Муҳаббатов А.Ҷ., мудири кафедраи “Тибби ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи шаҳрвандӣ ва омодагии ибтидоӣ ҳарбӣ” Шуҳрати Боғибек, омӯзгорон ва донишҷӯён иштироки фаъолона намуданд. Мақсад аз гузаронидани семинар ин ҷалб намудани донишҷӯён ба дарс, баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯн ва ҳавасмандгардонии донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои дақиқ, аз ҷумла фаннҳои техникӣ мебошад. Пеш 1 то 13 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан