Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “БОБОҶОН ҒАФУРОВ – ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК” БАХШИДА БА 115-СОЛАГИИ АЛЛОМА БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҷодаи таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст. Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 13 – уми декабри соли 2023 дар толори кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” тибқи дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Ш.С. дар ҳошияи симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик” бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ҳамоиши тантанавӣ дар мавзӯи “Бобоҷон Ғафуров – фарзанди фарзонаи миллати тоҷик” гузаронида шуд. Ҳамоиш бо ибтикори кафедраҳои “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” ва “Фанҳои гуманитарӣ” ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар кори ҳамоиш муовинони директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё., ва муовини директори оид ба корҳои илмӣ – методӣ, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ н.и.т. Муминзода Ҷ.С., сардори шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот Давлатов А.Т.,  деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва устодону донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал бо садо донани суруди миллӣ ҳамоиш ба кори худ оғоз кард. Ҳамоиши илмиро муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё., бо сухани ифтитоҳи оғоз бахшида, зимни суханронӣ ҳозиринро бахшида ба 29-умин солгарди “Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” табрик ва муборакбод намуда, дар иҷрои вазифа ва уҳдадорӣ ва пешбурди корҳои илмӣ тадқиқотӣ барору комёбиҳо таманно намуд. Дар робита ба арҷгузорӣ ба талошу заҳматҳои алломаи машриқзамин таъкид намуданд, ки Бобоҷон Ғафуров бо олимону адибон дар иртиботи доимӣ қарор дошт ва инкишофи илми Тоҷикистонро пайваста дастгирӣ, назорат ва роҳнамоӣ мекард.

Дар ин росто тибқи нақшаи чорабиниҳои МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумуҳриявӣ” дар ҳар як кафедраи муассиса мизҳои муддавар, ҳамоишҳо ва чорабиниҳои сиёсиву тарбиявӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд. Ташкили ҳамоишҳо ба ҷавонон имкон медиҳанд, ки аз таърихи гузаштаи худ ҳарчи бештар огоҳ шаванд ва ба бузургони миллат, ки тамоми ҳастии худро барои пешрафти кишвари аҷдодӣ фидо намудаанд, арҷ гузоранд.

Баъдан тибқи нақшаи тасдиқгардида устодони кафедраҳои болозикр маърӯзаҳои худро ироа намуданд. Аз он ҷумла ассистенти кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” Муродов К.С. маърӯза дар мавзӯи “Марҳилаҳои асосии ҳаёт ва фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров”, ассистенти кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” Дилангези Р. маърӯза дар мавзӯи “Китоби “Тоҷикон” – и аллома Бобоҷон Ғафуров шиносномаи миллати тоҷик” ва ассистенти кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” Аминов Б.У. маърӯза дар мавзӯи “Нақши китоби “Тоҷикон” – и академик Бобоҷон Ғафуров дар таҳкими худшиносии миллӣ” ироа карданд. Сипас навори видеоӣ оид ба ҳаёт, фаъолият ва заҳматҳои академик Бобоҷон Ғафуров дар рӯшди давлатдории миллии тоҷикон буд пешкаши ширкатдорони ҳамоиш гардонида шуд.

Ҳамчунин дар идомаи суханронӣ муовини директори оид ба корҳои илмӣ – методӣ, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ н.и.т. Муминзода Ҷ.С., аз иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нашри бузурги китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ёдовар шуда, иқдоми мазкурро тадбири хирадмандонаву бунёдгаронаи Сарвари хирадойину маърифатпарвари кишвар маънидод намуда, нақши онро дар тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии қишри ояндасози ҷомеа- насли наврасу ҷавон, омили бунёдӣ донистанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.