Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 13 декабрии соли ҷорӣ бо дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, ҷаласаи назоратии назди муовини директор оид ба корҳои таълимӣ бо садорати факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва шуъбаҳои муассиса баргузор гашт. Мавзӯҳои барасишаванда, назорати давомот ва гузаронидани корҳои тарбиявӣ оид ба моҳияти риояи оинномаи коллеҷ, покизагӣ, атрофи масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ, фирефтаи дарёфти роҳҳои “осон”аз ҷониби донишҷӯёни муассиса буд.

Бо дастуру супоришҳои роҳбари муассиса бо максади арзёбии вазъи кунунии ҷараёни таълим, мувофиқи талаботҳои амалияи муосири тиббӣ гардиши мунтазами кафедраҳои таълимӣ гузаронида шавад ва дар рафти гардиш синфхонаҳо, толорҳои лексионӣ, лабораторияҳо ва дигар биноҳои таълимӣ аз назар гузаронда, бо омӯзгорону донишҷӯён суҳбатҳо барпо намоянд қайд намудан муовини директор оид ба корҳои таълмӣ Одилзода И.Ё.

Бо назардошти муассисаи таълимӣ-тиббӣ будан, ҳатмист, ки ҳамаи донишҷӯён ба меъёрҳои ахлоқӣ, касбиятшиносӣ ва ӯҳдадориҳои дохилимуассисавиро риоя кунанд.

Бояд гуфт, ки тамоми муваффақияту комёбиҳои таълимии соҳаи маориф  дар муассиса ба шарофати роҳбарии директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ба даст оварда шудаанд ва азму ирода ва фидокории ӯ барои пешрафти коллеҷ асоси чунин чорабиниҳои назоратӣ гардид.

Дар давоми кори ҷаласа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда деканҳо ва мудирони кафедраҳо вазифадор карда шуданд, ки барои босамар гузарондани машғулиятҳо аудиторияҳои таълимӣ бо захираҳои зарурӣ таъмин карда шаванд ва инчунин атрофи масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ ва ба ҳамин васила огоҳонидани онҳо аз хатару оқибати амалҳои ғайриқонунӣ вохӯриҳо гузаронида шавад. Зеро тероризм ва экстремизм низ ин бемории ҷамъиятҳои муосир мебошад. Аз ҳама роҳи хуби мубориза алайҳи тероризм ва экстремизм ин пешгирии он мебошад.

Инчунин Одилзода И.Ё. қайд кардан, ки покизагӣ яке аз шиори асосии кормандону донишҷӯёни Муассиса ва умуман тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ дар биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи Коллеҷ шанбегиҳо бо ҷалби омӯзгорону донишҷӯён мунтазам гузаронида шавад.

Ҳамзамон даъват ба амал оварданд, ки барои иҷроиши нақша-чорабиниҳои Стратегияи муқовимат бар зидди коррупсия пешбарии корҳои фаҳмондадиҳиро миёни донишҷӯёну омӯзгорон пурзӯр намоянд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки донишҷӯён бояд оид ба қоидаҳои супоридани санҷишҳои фосилавӣ маълумоти пурра дошта, фирефтаи дарёфти роҳҳои “осон”-и ҳалли мушкилотҳояшон нагарданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.