Хабарҳо ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ КАФЕДРАИ “ТИББИ ОИЛАВӢ” ОИДИ ИҶРОИШИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ РОҲБАРИ МУАССИСА Бо admin On Dec 14, 2023 0 Санаи 14 декабри соли 2023 тибқи дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, сиёсати хирадмандона, иқдомҳои наҷибона ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, малакаҳои омӯзгорӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи тандурустӣ ва илму маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи ғайринавбатии ҳайати кафедраи “Тибби оилавӣ” доир гардид. Кори ҷаласаро мудири кафедра Қаюмов Ф. Ҷ. ҳусни оғоз бахшида, оиди масъалаҳое, ки дар ҷаласаи назди муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И. Ё. дарҷ гардида буд, аз он ҷумла оиди риояи интизоми меҳнат, баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, даст назадан ба омилҳои коррупсионӣ, назорати сару либоси донишҷӯён дар раванди таълим, тайёрӣ ба сессияи зимистона ва ғайраҳоро бо омӯзгорони кафедра баррасӣ намуда, ҷиҳати иҷроиши он ба омӯзгорон дастурҳо доданд. Ҳамчунин қайд намуданд, ки яке аз масъалаҳои калидӣ, ин дуруст ба роҳ мондани холи ҳавасмандии донишҷӯён мебошад. Аз ин рӯ шумо омӯзгоронро зарур аст, барои ҳавасманд гардонидани донишҷӯён ва даст назадани онҳо ба омилҳои хусусияти корруписонидошта аз ҳар донишҷӯ як кори мустақилона талаб намоед, чунки мувофиқи Низоиномаи системаи кредитӣ “Кори мустақилонаи донишҷӯ” озод аст. Инчунин қайд намуданд, ки дар кафедра барои баланд бардоштани малакаҳои касбӣ ашёҳои айёнӣ ва муляжҳо зиёданд. Аз ин рӯ шумо омӯзгоронро зарур аст, ки дар раванди дарс аз онҳо фаровон истифода намоед, то малакаи касбии донишҷӯён баланд гардад. Бояд қайд намуд, ки омӯзгорон масъалаҳои дар боло дарҷгардидаро якдилона тарафдорӣ намуданд. Дар охири ҷаласа устод ба ҳамаи омӯзгорони кафедра дар корҳои минбаъда муваффақиятҳо таманно намуданд. Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан