Хабарҳо ДАРСИ КУШОД ДАР МАВЗӮИ “ХОТИРАИ АСОСИ ВА ФАВРИИ КОМПЮТЕР” Бо admin Охирин навсозӣ Dec 14, 2023 0 Дар МДТ “Коллеҷи тибии Ҷумҳуриявӣ” аз оғози соли таҳсили 2023 – 2024 тибқи дастуру супоришҳои роҳбари Муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва тибқи нақшаи чорабиниҳои коллеҷ, ҳафтаи фанни дар кафедра гузаронида шуда истодааст. Тибқи ин нақша дар санаи 13 – уми декабри соли ҷорӣ дар кафедраи “Технологияи иттилооти, ташхис ва табобати нурӣ”аз тарафи омӯзгори кафедра Гулматов А.Х., дарси кушоду намунавӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ дар мавзӯи “Хотираи асоси ва фаврии компютер” бо иштироки донишҷӯёнӣ гурӯҳи 103 курси якуми факултети “Корҳои тиббӣ – ташхисӣ” баъди хатми синфи (9) гузаронида шуд. Дар дарси кушоди имрӯза Сармутахассиси шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот Сафаров А.И., декани факултети “Кори ҳамширагӣ” Бобоев Б.А., мудири кафедраи “Тибби ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи шаҳрвандӣ ва омодагии ибтидоӣ ҳарбӣ” Шуҳрати Боғибек, ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд. Дар раванди дарс аз тарафи омӯзгор усулҳои муосири таълим, ба мисли кор бо карточкаҳо, пур кардани крассворд, савол ҷавоб байни гурӯҳҳо истифода бурда шуданд. Мақсади гузаронидани дарси кушоди намунави, ин баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён мебошад. Омӯзгорон кафедра кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои дар оянда боз ҳам хубтару беҳтар гузаронидани дарсҳои кушод аз ҳама роҳу усулҳои таълим истифода намоянд. Пеш 1 то 15 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан