Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МУҚОВИМАТБО КОРРУПСИЯ-ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Мусаллам аст, ки муқовимат бо коррупсия ва роҳҳои пешгирии он пайваста бо рушди тамаддуни инсонӣ дар шаклҳои нав зоҳир мегардад. Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ, новобаста аз он ки маҳкумкунии дастаҷамъонаи ин падидаи номатлуб ва андозаи бузурги зарари он дар рушди ҷомеа эътироф шудааст, ҳанӯз ҳам дар сатҳи кофӣ ба муваффақият ноил нагаштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун, дигар давлатҳои мутараққии замони муосир дар раванди ҷаҳонишавии фарҳангҳои гуногун қарор дорад ва онро муаммоҳои зиёде, аз ҷумлаи терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон ва ба инҳо монанд, ки дар байни онҳо коррупсия мавқеи махсусро ишғол менамояд, фаро гирифтааст.  Қобили зикр аст, ки тақрибан тамоми кишварҳои олам, ки дорои муносибатҳои расмии байналмилалӣ мебошанд, дар доираи ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ба комёбию дастовардҳои бузурги қонунгузории миллӣ ноил гардидаанд. Аз ин лиҳоз, омӯзиш ва ташвиқу тарғиби таҷрибаи байналмилалии мубориза бо коррупсия дар бартараф намудани нуқсонҳои бесаводӣ ва беҳтар намудани сатҳи фарҳанг ва ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ нақш хоҳад гузошт. Ба ҳамин тартиб, дар баробари ҳама манбаъҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди коррупсия аз асноди ба расмият даровардашудаи байналмилалӣ низ метавон баҳра бурд. Зеро, марому мақсади ҳар гуна асноди байналмилалӣ таъмини озодӣ ва баробарӣ аст. «Коррупсия бошад, костакунандаи қонуният,  адолат, рушди иқтисодиёт, боварии мардум ба давлат ва аз ин лиҳоз,  боиси ташвишу нигарониҳои ахлоқиву сиёсӣ буда, мубориза бар зидди он талошҳои пайгиронаи мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа, истифодаи дастовард ва таҷрибаи байналхалқиро дар ин соҳа талаб мекунад».  Дар Тоҷикистон ба масъалаҳои вобаста бо коррупсия ва заминаҳое,  ки ин амалро ба вуҷуд меорад, аҳамияти махсус дода шуда, силсилаи қонунҳо, консепсияҳо, стратегияҳо доир ба ин мавзуъ таҳия гардида,  ҷиҳати баланд бардоштани сиёсати зиддикоррупсионӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Паҳлуҳои гуногуни ин падида мавриди таҳқиқи як зумра олимон ва ташкилотҳои байналмилалӣ қарор гирифтааст.  Новобаста ба корҳои анҷомёфта ва таҳқиқотҳои гузаронидашуда, мавзӯи мазкур барои Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҷаҳон ҳамчунон мубрам боқӣ мемонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст ишора намудаанд, ки «Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо, яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем» . Ҳамин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба омӯзиш ва барасии мушкилоти коррупсия таваҷҷуҳи махсус дода шуда, ҷанбаҳои алоҳидаи он омилҳо ва сабабҳои асосии сар задани амалҳои коррупсионӣ,  пайомадҳои шаклҳои алоҳидаи амалҳои коррупсионӣ, заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо коррупсия, механизмҳои умумии маҳдуд намудани амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби сиёсатшиносон, ҷомеашиносон ва ҳуқуқшиносон мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд. Муҳаққиқони мазкур такмил додани низоми сиёсию ҳуқуқии ҷомеаро кафолати асосии мубориза бар зидди коррупсия медонанд.  Бинобар ин, имрӯз муқовимати фаъол бо падидаҳои коррупсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва ислоҳоти низоми ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Дар доираи илми сиёсатшиносӣ амалҳои коррупсиониро метавон, пеш аз ҳама, ба сифати шакли махсуси муносибатҳои иҷтимоӣ баррасӣ намуд, ки он натиҷаи тағйирёбии арзишҳои инфиродӣ ва дастаҷамъӣ дар шуури оммавӣ, ба ҳукми қонун даромадани амалҳои номатлуб,  имконоти алтернативии худсозмондиҳӣ дар шароити номуайянӣ ва бисёрҷабҳаи дигаргуниҳои сиёсӣ алоқаманд мебошад. Татбиқи ислоҳоти сиёсию маъмурӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳадафи он таъмини идоракунии самаранок ва шаффофи давлат ва таҳкими демократия мебошад, бо бисёр монеаҳо, аз ҷумла коррупсия мувоҷеҳ мегардад. Фасодзада будани маъмурони давлатӣ бо қарорҳои қабулнамудаи онҳо иртибот дошта,  аксаран арзишҳои сиёсию демократиро беқурб месозанд, ки ин дар ниҳояти кор, метавонад боиси қонуншикании худи мақомоти ҳокимияти давлатӣ гардад.  Таҳлили сиёсии фаъолияти зиддикоррупсионии давлат тавассути таҳия ва қабули қарорҳои муносиб дар низоми идоракунии давлат, пешгирӣ ва ба ҳадди ақал расонидани падидаҳои коррупсионӣ ба мавзӯи доғи рӯзи ҷомеа табдил ёфтааст.  Мубориза ба ин падидаи номатлуб дар тамоми давру замон диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намудааст, чунки он ба рушди иҷтимоию иқтисодии давлатҳо метавонад таъсири фоҷеабори худро расонад. Ин падидаи номатлуб дар шароити Тоҷикистон низ авҷ гирифта, барои рушди устувори кишвар монеаҳо эҷод мекунад. Доир ба оқибатҳои ногувори коррупсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварро халалдор намуда,  боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст . Дар ин замина, Пешвои миллат 10-уми январи соли 2017 дар суханронии худ ба муносибати 10-солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зикр намуданд, ки «коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад». Дар замони ҳозира масъалаи таҳияи омилҳои самараноки сиёсию идеологӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, сиёсию идоракунии муқовимат бо падидаҳои коррупсионӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии ҳам аҳли илм ва ҳам мақомоти ҳокимияти давлатӣ қарор гирифтааст. Зарурати баррасии иқдомот барои муқовимат бо падидаҳои манфии сиёсӣ, ки натиҷаи мушкилоти буҳронӣ дар раванди давлатдорӣ мебошанд, таҳлили сиёсии муқовимат бо коррупсияро дар сатҳи мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистони муосир ба масъалаи доғи рӯз табдил додааст.  Бинобар ин, бо такя ба омилҳои номбурда масъалаи пажӯҳиши дарёфти роҳу воситаҳо ва омилҳои сиёсиву ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия дар сохтори мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи басо муҳим ба шумор меравад. Ҷиҳати мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб солҳои охир дар кишвари мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда  шудаанд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар инсамт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад.

БИЛОЛ Бобоев декани факултети “Кори ҳамширагӣ”-и

МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.