Хабарҳо ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “ИНФОРМАТИКА ҲАМЧУН ИЛМ ДАР ҲАЁТИ ИНСОН” ДАР КАФЕДРАИ “ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ, ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ НУРӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Dec 15, 2023 0 Бо дарназардошти узвияти Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва густариши муносибатҳои гуногунсоҳаи кишвар бо ташкилоту созмонҳои чаҳонӣ амалӣ намудани тадбирҳои мунтазам доир ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони сохтору мақомот, тақвияти одоби муошират, омузиши забонҳои хоричй ва технологияҳои иттилоотӣ, инчунин тарбияи ҳуқуқшиносони сатҳи байналмилалӣ зарур мебошад. Эмомалӣ Раҳмон Санаи 14 – уми декабри соли 2023 тибқи дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи тасдиқгардидаи шӯъбаи таълим дар мувофиқа бо шӯъбаи илмӣ – методӣ чорабинии илмӣ – назариявӣ миёни донишҷӯёни факултети “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ” гузаронида шуд. Қобили зикр аст, ки ҳафтаи фанни дар кафедра «Технологияи иттилоотӣ, ташхис ва табобати нурӣ» бахшида ба солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» гузаронида мешавад. Омӯзгорони кафедра Муродов Ф.Қ., Батиров Б.А., миёни донишҷӯёни курсӣ дуюми факултети “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ” чорабинии илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи “Информатика ҳамчун илм дар ҳаёти инсон” баргузор гардонданд. Дар чорабинии илмӣ – назариявӣ иштирок намуданд муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё., сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, деканони факултетҳо, мудирони кафедра омӯзгорон ва донишҷӯён иштироки фаъолона намуданд. Мақсад аз гузаронидани ин чорабинии илмӣ – фарҳангӣ ҷалб намудани донишҷӯёни факултети “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ” ба касби худ, баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯн ва ҳавасмандгардонии донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои дақиқ, аз ҷумла фаннҳои техникӣ мебошад. Пеш 1 то 11 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан