Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

УСЛУБҲОИ МУОСИРИ МАШҒУЛИЯТГУЗАРОНӢ ДАР КАФЕДРАИ “ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ”-И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ”  баҳри беҳтар намудани самаранокии таълим ва баланд бардоштани сатҳи дониши муҳассилин дар машғулиятҳои таълимӣ  услубҳои муосири машғулиятгузарониро мавриди истифодаи васеъ ба роҳ мондааст.

Дар кафедра услубу усулҳои самараноки ҳозиразамони таълим ҷорӣ ва мукаммал карда шудааст. Аз ҷумла, дар машғулиятҳо усулҳои муосир ва байналфаъоли таълим истифода бурда мешаванд:  ҳуҷуми мағзӣ-сарӣ, кор дар гурўҳҳои хурд, баҳси гурӯҳӣ,  бозиҳои нақшӣ, истифодаи тестҳо, презентатсия, видео-филмҳои таълимӣ аз фанни фармакогнозия (тарзи тайёр намудани маводҳои доругӣ ва растаниҳои доругӣ) ва аз фанни кимиёи фарматсевтӣ ( гузаронидани таҷрибаҳои химиявии амалӣ), пур кардани кроссворд ва ғайраҳо гузаронида мешаванд.  Дар давоми гузаронидани машғулиятҳо саволҳои санҷишӣ оиди сатҳи дониш дода мешаванд, ки боиси ҳавасманд шудани донишҷўён ва баланд бардоштани сифати таълим мегардад.

Дар зинаи дуюм, хушк намудани гиёҳҳои шифобахш,  кор бо маводҳои хушк, гербарияҳо, тарзи тайёр кардани шаклҳои доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахш ва дигар айёниятҳои таълимӣ, ки хотираи босиравии донишҷӯёнро ғанӣ мегардонанд, ба ҳисоб  меравад. Машғулиятҳои  амалӣ ва корҳои таҷрибаомӯзӣ аз  фанни фармакогнозия дар “Маркази таълимиву  истеҳсолии   ҷамъоварӣ ва коркарди  гиёҳҳои шифобахш” ва озмоишгоҳи “Технологияи дорусозӣ ва фармакогнозия”, ки  дар бинои асосии  КТҶ ҷойгир аст,  гузаронида мешаванд.

Инчунин дар бинои асосии муассиса  1 озмоишгоҳи “Технологияи дорусозӣ ва фармакогнозия” барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ , ки дорои   тахтаи электронӣ  мебошад,  мавриди истифода қарор дорад. Имсол дар дохили  кафедра озмоишгоҳ аз фанни фармакогнозия барои гузаронидани машғулиятҳои амалии донишҷӯёни факултети “Кори фарматсевтӣ” ба фаъолият шурӯъ кард. Озмоишгоҳ бо таҷҳизотҳои зарурӣ ҷиҳозонида шудааст ва танҳо моро зарур аст, ки ҳама дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти муассиро сармашқи кори худ қарор диҳм ва мутахассисоне дар ҷодаи фарматсия ба воя расонем, ки ба халқу ватани хеш саҳмгузор бошанд.

Мудири кафедраи “Фармакогнозия

ва кимиёи фарматсевтӣ” Сулаймонова О.Ғ.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.