Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ВИКТАРИНА ДАР КАФЕДРАИ “ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ, ТАШХИШ ВА ТАБОБАТИ НУРӢ” ТАҲТИ УНВОНИ “МО ВОРИСОНИ СИНОЕМ”

Дар асоси дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади имлҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода  ва нақшаи аз ҷониби шуъбаи таълим ва шуъбаи тарбия тасдиқгардида дар доираи ҳафтаи фаннӣ бахшида ба  2020-2040 “Бисолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” санаи 15 – уми декабри соли 2023 аз тарафи омӯзгорони кафедраи “Технологияи иттилоотӣ , ташхис ва табобати нурӣ” Назарова Ф.Ҳ., Шарипова Ф.И., бо иштироки донишҷӯёни гурӯҳҳои 105 ва 117 факултети “Кори ҳамширагӣ” виктарина таҳти унвони “Мо ворисони Синоем” гузаронида шуд. Дар виктарина сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Давлатов А.Т., декани факултети “Кори ҳамширагӣ” Бобоев Б.А., мудири кафедраи “Тибби ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи шаҳрвандӣ  ва омодагии ибтидоӣ ҳарбӣ” Шуҳрати Боғибек,  омӯзгорон ва донишҷӯён иштироки фаъолона намуданд.

Дар викторина донишҷӯёни гурӯҳҳо аз фанни технологияи иттилоотӣ  бо ҳам рақобат намуданд. Барномаи викторина аз савомномаи  гурӯҳҳо, маълумот дар бораи таърихи тайдоиши компютер ва қисмҳои асосии компютер, дуруст пур кардани кроссворд, саволу ҷавоби гурӯҳҳо ба якдигар, маълумот дар бораи қисмҳои иловагии компютери фардӣ, омода намудани як хуриш иборат буд. Донишҷӯёни  ҳарду  гурӯҳ кӯшиш намуданд, ки донишу маҳорати худро оиди иҷроиши шартҳои викторина нишон диҳанд. Дар фарҷоми викторина ба донишҷӯён тӯҳфаҳои хотиравӣ  супорида шуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.