-
Ман ба ҷавонони Тоҷикистон рӯ меорам. Ояндаи Ҷумҳурӣ комилан ба таҳсил, дониш андухтан, меҳнати ҳалолу ахлоқи ҳамидаи Шумо ҷавонон вобаста аст. Дар роҳи ҳисси ватандӯстӣ, шарафу номуси миллии Шумо бояд дар аввал истад.
-
Ҳалли вазифаҳои мураккаби таъмини истиқлолияти воқеъии давлат имрӯз аз бисёр ҷиҳат ба эҳсоси ватандӯстии умумимиллӣ, муттаҳидии тамоми қувваҳои ҷамъият вобаста аст.
-
Ҳиссиёти якдилӣ, муттаҳидӣ, ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстии тамоми миллату халқиятҳои Тоҷикистон сарвати бебаҳоест, ки ба ҳамаи мо илҳому қувва мебахшад.
-
Барои миллати тоҷике, ки ба асари ихтилофоти гуногун борҳо пароканда шуда, давлатдории хешро аз даст дода буд идеологияи ватандӯстӣ ва Ваҳдати миллӣ идеологияи аз ҳама асосӣ ба шумор меравад.
-
Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеъан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад.
-
Мову Шумо – ҷавонон ба қадри ин Ватани аҷдодию давлати соҳибистиқлол расида, аз гузаштагони сарбаланд ва падару модарони худ бояд дарси сабру тоқат, меҳнату ободкорӣ, ватандӯстиву мардонагӣ, шуҷоату қаҳрамонӣ омӯзем.
-
Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
-
Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
-
Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии миллии мамлакат, инчунин дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд. Дар баробари ин, ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои Тоҷикистон зарур мебошанд.
-
Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
Номаи гузашта
Номаи оянда