Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ВАТАНПАРАСТӢ БЕХТАРИН ХИСЛАТ АСТ!

“Ватан – ин ҳамон қаламравест, ки дар тули ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар он сарзамин умр ба сар бурдаанд, бо як забон сухан гуфтаанд, шодию хурсандӣ, нолаю фиғон ва дарди дил карданд”. Эмомалӣ Раҳмон

Афрӯхтани шуълаи ифтихори Миллӣ, парвариши эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, инчунин, дигар фазилатҳои неки инсонӣ аз синни кӯдакӣ дар оила ва таҳсил дар мактаб оғоз меёбад.

Ватан-Модари мушфиқу ғамхори ҳар яки мову шумост, ки аз рузи чашм ба олами равшан кушоданамон моро бо ҳазорон меҳру муҳаббат, гарму нарм ба оғӯш мегирад, мепарварад, маълумот медиҳад, ба камол мерасонад, соҳиби хонаю дар, зану фарзанд, хешу табор мекунад, хушбахт мегардонад. Ба ҳамин хотир ин сарзаминро мо Ватан -Модар мехонем ва онро муққадас мешуморем.

Модар-Ватан бо ҳазорон орзую умед моро ба воя мерасонад, ки ҳангоми ба сараш таҳдид кардани хатаре, пеш омадани бадбахтие аз як гиребон сар бароварда, бо дилу ҷон ва тамоми вуҷудамон ҳифз намоем, нагузорем, ки душман қадами номубораки хешро ба ин хоки муқаддас гузорад, ӯро бояд саркуб ва торумор намоем. Дар ин роҳ агар зарур ояд ҷони худро фидо намоем. Ватан фарзандони қаҳрамони худро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Номи онҳо ҳамеша зиннатбахши дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи халқамон хоҳанд буд. Ватан дар баробари Модар муқаддасоти воло буда, дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Бе Ватан инсон бе сарнавишт ва беқурбу манзалат аст. Бе сабаб нест, ки арзишҳои волои ватандорӣ ҳанӯз аз даврони ориёиҳо зуҳур карда, дар китобҳои “Маҳабҳарта” ва “Авесто” тавсифу ситоиш шудаанд. Ватан танҳо марзу бум ва ҳудуди муайяни ҷуғрофӣ нест. Ватан пайванди ногусастании наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо, муҳофизати истиқлолият ва дастовардҳои он, пос доштани хотираи неки аҷдодон, ҳифз ва гиромидошти мероси таърихию фарҳангӣ ва саъю талоши доимӣ ба хотири пешрафти давлату миллат ва шукуфои Ватани аҷдодӣ аст.

Ғояи ватандӯстӣ муҳимтарин фишанги ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа аст. Дар аксарияти давлатҳои демократии ҷаҳон ғояи асосии ватандӯстӣ аз муҳофизати қонунҳое иборат аст, ки бақои давлатро кафолат медиҳад. Аз ин рӯ, агар Тоҷикистон Ватани ҳамаи Тоҷикистониён аст, пас ватандӯстии шаҳрвандони мо тақозо мекунад, ки аввал дар бораи Ватани ягонаи худ андеша ва ғамхорӣ намоем. Маҳз муҳити созгори тарғиби арзишҳои ватанпарастӣ метавонад кулли шаҳрвандонро ба корҳои бунёдкорӣ, ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва машғул шудан ба меҳнати барои ҷомеа манфиатбахш раҳнамуд созад. Ҷавонон бояд аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд. Ба ғайр аз иштироки фаъолона дар ҳаёти иқтисодиву сиёсии ҷомеа, онҳо бояд тамоми саъю талоши худро баҳри ҳифзи шарафу номуси ватандорӣ сарф намуда, парчамбардори кишвари хеш бошанд.

Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ки ояндаи Истиқлолияти миллию давлатӣ, ояндаи кишвар, ободии мамлакат, ҳифзи нангу номус дар дасти онҳост, ҳамеша тавваҷуҳ зоҳир менамояд.

Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.

Дар партави суханони оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавонони даврони истиқлол, шукрона аз он дорем, ки чунин Пешви нодир ва дурандеш дорем.

Шукри ваҳдат, шукри сарҷамъӣ, шукри Ҳофизу Хайёму Бухорӣ, шукри он дорем ки моро дар ҷахон медонанд. Ба Эмомалии Раҳмон бовари дорем мо! Ватанро дӯст доштан аз он ифтихор кардан барои ҳимояи он омода будан, аз ҷумла арзишҳое мебошанд, ки мо ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол онро сармашқи зиндагии ҳарузаи худ қарор дода, Ватанамон ободу зебо гардонем.

Ҷумаев Фарридун Ҷамшедович, Обидзода Фаридун – кормандони шуъбаи ташкилӣ – тарбиявӣ ва кор бо ҷавонони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.