Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

НУҚСОНҲОИ МОДАРЗОДИИ ДИЛ

Дил ё ки қалб узви хеле аҷоибу тааҷубоваре, ки “ҳама вақт ва дар ҳама ҳолати зиндагӣ”, дар зуҳуроти ҳаёт ва дар ҳар як ҳаракатамон, то нафаси охирин амал мекунад. Наздик ба 20 ҳазор сол пеш аз мелод дар ғори Алтамир (Испания) сурати Мамонт (ҳайвони ашкдандон) намудор шуда буд, ки нақшаи дилаш бо ранги сурх ифода ёфта будааст. Ана ҳамин сурат аввалин тасвири анатомии дил мебошад. Дилро Мексикагиҳои қадим ҳамчун сарчашмаи қувваи зиндагӣ меҳисобанд. Дар китоби Қуръони Карим калимаи қалб (дил) 133 маротиба вомехурад, ки дар он ҷо қалб ҳамчун “узви донистагирӣ” ва ҳам узви “сирри диниест, ки дар батни инсон гузошта шудааст.

Мувофиқи догма (раднашавандаи)-и дини мубини Ислом, агар ҳар як шахси диндор (муъмин) ба санги сиёҳи Муқаддаси Каъба дасташ расида бошад, он гоҳ дили ӯ ба Каъба, ибодатгоҳ, қалъа баробар мешавад, ки вайро Аллоҳ ҳам эҳтирому ҳурмат мекунад.

Дили тафли навзод назар ба дили  калонсолон нисбатан аз ҳисоби нимаи росташ калонтар буда, шаклаш ба кура наздиктар аст. Вазни умумии дил дар навзодон 24.0 гр буда дар охири 1 солагӣ тақрибан 2 маротиба, дар 4-5 солагӣ 3 карат дар 9-10 солагӣ 5 маротиба ва дар 15-16 солагӣ 10 маротиба зиёд мешавад.

Дар дил нуқсонҳо ё иллатҳое пайдо шуданашон мумкин аст,  ки фаъолияти кори онро вайрон мекунад. Одатан нуқсонҳо дар давраи инкишофи дохилибатнии ҷанин дар натиҷаи нодуруст ташаккул ёфтани дил ба вуҷуд меоянд.

Нуқсонҳои модарзодии дил – ин таъғирёбии сохти структураи дил (тавора, клапанҳо, рагҳои воридшаванда, девораҳо ) ки дар натиҷа ба вайроншавии ҳаракати  хун дар дил ва даврҳои гардиши хун (даври калони гардиши хун ва даври хурди гардиши хун) оварда мерасонад. Нуқсонҳои дил ба намуди модарзодӣ   ва дар ҳаётпайдошуда мебошанд.

Нуқсонҳои модарзодии дил- дар давраи дохили батнии ҷанин аз ҳафтаҳои дуюм то ҳафтаи ҳаштуми ҳомиладорӣ дар зери таъсири омилҳои манфии беруна ва даруна  пайдо мешаванд. Аз  рӯи  нишондодҳо  теъдоди гирифторони нуқсонҳои модарзодии дил 5-8 кӯдакро дар байни 1000 нафар ташкил медиҳад.

Сабабҳо ва омилҳои ба вуҷудоварандаи нуқсонҳои модарзодии дил кадомҳоянд?

Сабабҳои асосии пайдошавии нуқсонҳои дил то ҳол пурра маълум нашудааст. Аммо якчанд омилҳое ҳастанд, ки ба пайдоиш ва инкишофи нуқсонҳои дил оварда мерасонанд ба монанди: таъсири шуъоҳои рентгенӣ (радиатсия), майзадагӣ, истеъмоли  зиёди маводҳои доруворӣ, маводҳои мухаддир, тамокукашӣ, сироятҳои вирусӣ буда метавонанд. Инчунин агар зани хомиладор  дар давоми се моҳи аввали ҳомиладорӣ  ба чунин ҳолатҳо гирифтор шуда бошад, хатари пайдошавии нуқсонҳои модарзодии дил дар тифли онҳо зиёд мебошад.   Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки  агар зан вазни барзиёди бадан, яъне фарбеҳи дошта бошад, эҳтимоли таваллуд кардани тифл бо нуқсонҳои модарзодии дил 36 % зиёдтарро ташкил медиҳад.

Аломатҳои клиникии нуқсонҳои модарзодии дил

Нуқсонҳои модарзодии дил дар солҳои аввали  таваллуди кӯдак ягон аломатҳои клиникӣ надоранд. Бо гузашти вақт ҳолати кӯдак бад шудан мегирад,  ки  то синни   ду-се солагӣ пурра аломатҳои клиникиаш  намоён мешаванд. Нишонаҳои асосӣ инхоянд:

камшудани қувваи ҷисмонӣ  ҳангоми ҳаракати кудак,

нафастангӣ ҳангоми андак  роҳ гаштан,

харобшавии кудак ва мувофиқ набудани вазни он ба сину сол

сафедшавӣ ё кабудшавии гирди лабҳо (сианоз) вобаста ба намуди нуқсонҳо

варами зери пуст дар кӯдакон,

дар баъзе мавридҳо беҳушшави мушоҳида мешавад, дигар аломатҳои умумӣ низ пайдо мешаванд.

Ангуштони нақорамонанд (ба ин асосан нуқсони намуди кабуд хос аст)

Таснифи нуқсонҳои модарзодии дил

Вобаста ба тасниф нуқсонҳои модарзодии дил чунин гурӯҳбандӣ карда мешаванд:

Нуқсонҳо бо партоиш аз чап ба рост (нуқсонҳои сафед)

Нуқсонҳо бо партоиши рост ба чап ( нуқсонҳои кабуд)

Нуқсонҳо бо партоиши дил вобаста

Нуқсонҳо бо монеашавии маҷрои хунгардиш

Нуқсонҳо бо дастгоҳи дарғотҳо(клапанҳо)

Нуқсонҳо бо  рагҳои шараёну варидҳои дил

Кардиомиопатияҳо (васеъшавии ковокиҳои дил)

Вайроншавии модарзодии ритми дил

Чунин тасниф метавонад, дар баъзе ҳолатҳо қобили қабул набошад. Аммо дар аксар мавридҳо ду ё се намуди нуқсонҳо дар якҷоягӣ ба амал омаданашон мумкин. Ба монанди нуқсонҳои сафед ё кабуд бо вайроншавии модарзодии ритми дил ба вуқӯъ омада  метавонанд. Чунин намуди тасниф барои ба таври оддӣ ва фаҳмотар буданаш пешниҳод карда мешаванд.

Ба нуқсонҳои бо партоиши хун аз чап ба рост (нуқсонҳои сафед ки дар натиҷаи он хуни артериявӣ бо хуни венози омехта намешавад) дохил мешаванд; маҷрои кушодаи артеривӣ, дефекти девораи байнидаҳлезҳо ва байнимеъдачаҳо, даҳлези умумӣ, аномалияи дренажии варидҳои шушӣ, канали кушодаи умумии атрио вентрикулярӣ.

Ба нуқсонҳои бо партоиши хун аз рост ба чап (нуқсонҳои кабуд,  ки дар натиҷаи он хуни артериявӣ  бо венозӣ омехта мешавад. )  дохил мешаванд; тетрадаи Фалло, транспозитсияи шараёнҳои магистралӣ, аномалияи Эйбштейн, атрезияи дарғоти (клапани) сетабақа, маҷрои умумии артериявӣ, ягонагии меъдачаи дил,  дефекти девораи аортаву шушӣ, гипоплазияи меъдачаи рост.

Нуқсонҳо бо монеашавии партоиши хун ба чунин намуди нуқсонҳо метавонанд ҳар ду гурӯҳи  дар боло зикргардида  ҳангоми омехта вохурданашон пайдо шаванд. Масалан, канали кушодаи умумии атриовентрикулярӣ ва тетрадаи Фалло, маҷрои умумии артериявӣ.

Гурӯҳи нуқсонҳои бо монеашавии маҷрои хунгардишро чунин нуқсонҳо дарбар мегиранд, коарктатсияи шоҳраг, стенози дарғоти (клапан) аорталӣ, стенози дарғоти (клапан) артерияи шушӣ, стенози дарғоти (клапан) митралӣ, стенози шохаҳои артерияи шушӣ.

Нуқсонҳои бо дастгоҳи клапанҳо алоқаманд буда ин гуруҳи алоҳидаи нуқсонҳо ба шумор рафта дар натиҷаи вайроншавии инкишофи клапанҳои атриовентрикуляри ё дарғоти ҳилолшакл бе якҷоя ё омехташавии дигар нуқсонҳо дохили дили пайдо мешаванд. Ба ин нуқсонҳо; пролапси дарғоти (клапан) митрали ва трикуспидалӣ  ҳамроҳ стеноз,  норасогии дарғоти (клапан)  аортали ва артерияи шушӣ мебошад.

Нуқсонҳои венаҳои шушӣ ҳамаи он нуқсонҳое ки дар натиҷаи вайроншавии инкишофи венаҳо ба амал меояд. Нуқсони венаҳо бо таъғирёбии маҷрои резиши он, фистулаи коронарию дилӣ.

Кардиомиопатияҳо ё ба таври модарзоди вайроншавӣ ва васеъшавии ҳамаи ковокиҳои дил мебошад. Кардиомиопатия дар баробари модарзоди буданашон низ дар ҳаётпайдо мешаванд, ки дар бораи онҳо як мавзӯи бениҳоят калон мебошанд.

Вайроншавии ритми дил ин гуна номураттабии кори дил  метавонад дар якҷоягӣ бо дигар нуқсонҳои дил якҷоя вохурад ё алоҳида метавонад пайдо гардад.

Намуди  нуқсонҳои модарзодии дил вобаста ба ҷойгиршавии анатомикӣ

нуқсони дарғоти (клапан)  митралӣ- таъғирёбии шакли дарғоти (клапан) митралӣ (дарғоти дутабақа) ки ин дарғот  байни даҳлези чап ва маъдачаи чап ҷойгир аст.

нуқсони дарғоти (клапан)  аорталӣ- ҳолати патологии аорта мебошад,  ки дар даромадгоҳи аорта ҷойгир аст.

нуқсони дарғоти (клапан) трикуспидалӣ- вайроншавии сохти дарғоти (клапан) трикуспидалӣ ё дарғоти (клапан) сетабака. Аз рӯи ҷойгришавии сохти анатомики, ин дарғот  байни меъдачаи рост ва даҳлези рост ҷойгир шудааст.

Нуқсони дарғоти шараёни шушӣ

мачрои кушодаи артериявӣ (сурохии овали) асосан ин нуқсон то синни як солагӣ пурра маҳкам мешавад.

Дефекти девораи байни даҳлезҳо

Дефекти девораи байни меъдачаҳо

Транспозитсияи рагҳои магистралӣ

Декстракардия  ҷойгиршавии дил аз тарафи рост

Ба нуқсонҳои омехтаи дил инҳо дохил мешаванд:

Триадаи Фалло нуқсони сегонаи дил 1) стенози артерияи шушӣ,  2) дефекти девораи байни меъдачаҳо, 3) гипертрофияи меъдачаи рост

Тетрадаи Фалло   ки дар инчо 4 нуксон якчоя вомехуранд; 1) стенози артерияи шушӣ, 2)дефекти девораи байни меъдачаҳо, 3) декстрапозитсияи аорта,  4) гипертрофияи меъдачаи рост.

Пентадаи Фалло нуқсони панҷгонаи дил   1) стенози артерияи шушӣ, 2) деффекти девораи байни даҳлезҳо, 3)дефекти девораи байни меъдачахо,  4) декстрапозияи аорта,  5) гипертрофияи меъдачаи рост.

Аномалияи Эйбштейн яке аз нуқсонҳои камвохуранда буда, дар натиҷаи он  васеъшави ва  омехташавии дарғоти (клапан)  сетабақа (трикуспидалӣ) бо меъдачаи рост ба амал меояд.

Оризаҳои нуқсонҳои дил

Норасоии дилӣ (дар ҳамаи нуқсонҳо пайдо мешаванд)

Эндокардити бактериявӣ (бисёртар дар мавриди нуқсонҳои кабуд пайдо мешаванд)

Илтиҳоби шушҳо  (аз ҳисоби бозисти хун дар даври хурди гардиши хун)

Фишорбаландии шушӣ ё алоими Эйзенменгейра

Ҳолатҳои беҳушавӣ (аз ҳисоби камшавии партоиши хун ба рагҳои мағзи  сар ва оварда расондан ба вайроншавии  хунгардиши мағзи сар)

Алоими зиққи дил ва сактаи миокард

Ташхиси нуқсонҳои дил

Дар асоси гузаронидани чунин тадқиқотҳо ва таҳлилҳо ташхис гузошта мешавад.

Шикоятҳои бемор, ҷамъоварии собиқаи ҳаётӣ (anamnesis vitae) ва собиқаи беморӣ (anamnesis morbi)

Муоинаи бемор гузаронидани палпатсия аускултатсия ва перкуссияи қафаси сина

Тадқиқотҳои лабораторӣ; таҳлили умумии хун, биохимияи хун.

Электрокардиограмма,  ЭКГ-Холтер, Эхокардиография, акси рентгении қафаси сина, ТМР дил ва узвҳои қафаси сина.

Табобати нуқсонҳои модарзодии дил

Нуқсонҳои дилро бо усули консервативӣ табобат намудан имконнопазир мебошад. Аммо барои кам кардани оқибатҳои хатарноки беморӣ маводҳои зерини доругӣ тавсия дода мешавад.

Табобати антибактериалӣ

Табобати иммунӣ

Ингибиторҳои АПФ барои муътадил нигоҳ доштани фишори хун

Бетта блокаторҳо барои камкардани задани зудди дил, дар меъёр нигоҳ доштани фишори хун, баланд бардоштани устувории миокард ба норасогии оксиген

Маводҳои диуретикӣ барои пешгири аз пайдошавии варамҳо

Маводҳои зиддиаритмиявӣ ҳангоми ҷой доштани номураттабии кори дил

Маводҳои антикоагулянтҳо барои пешгири аз баландшавии суръати лахташавии хун

Агар табобати доругӣ ҳолати беморро беҳтар насозад ва раванди бемори вазнин гардидан гирад, он гоҳ ба гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ тавсия дода мешавад. Дар мавриди нуқсонҳои модарзодии дил танҳо маҷрои кушодаи артериявиро тавассути консервативӣ табобат намуд, лекин табобат бояд аз якум шабонарӯзи баъди таваллуд оғоз карда шавад. Боқимонда ҳамаи нуқсонҳои модарзодии дил танҳо бо роҳи ҷарроҳӣ табобат мешаванд.

Ассистенти кафедраи

 “Асабшиносӣ, ёрии

паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ”

Tабиб-кардиолог

Мунаваров Б.А

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.