Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ШАРҲИ ПАЁМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ КИШВАР ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 5 январи соли 2024 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ оид ба шарҳу тавзеҳи  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28 декабри соли 2023 ҳамоиши сиёсӣ бо иштироки васеи ҳайати роҳбарикунанда, муовинони директор, сардорони шуъбаҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон баргузор гардид.

Чорабиниро Директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ифтитоҳ бахшида, иброз намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар раҳнамои самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда мебошад ва оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла кишоварзӣ, саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар оғоз роҳбари муассиса изҳор доштанд, ки таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки дар ҷамъбасти ҳар сол Паёми муфассали роҳбарияти кишвар ба мақоми қонунбарор ва дар симои он ба тамоми мардуми кишвар ироа гардад. Мусаллам аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамасола Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми сарбаланду шарафмандаш ироа мегардад. Роҳбари муассиса қайд карданд, ки ҷамъомади имрӯзаи мо низ бар шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат бахшида хоҳад шуд.

Дар сарсухан  қайд гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар, ки дар соли 2000 1,8 млрд сомонӣ буд, соли 2023 ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Инчунин нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд. Боз гуфта шуд, ки новобаста аз ду соли шароити маҳдудиятҳои иқтисодиву тиҷоратии давраи пандемияи КОВИД–19 даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонӣ дар соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид. Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид.

Сипас директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода оид ба ҷойгоҳи соҳаи маориф ва тандурустӣ дар сиёсати иқтисодию иҷтимоии Ҳукумат сухан ронданд. Зимни суханронӣ аз Паёми Пешвои муаззами миллат иқтибосҳо оварда шуд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар соли 2023 аз ҷониби соҳибкорон дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд ва агар дар соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Ҳамзамон қайд гардид, ки дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Инчунин зикр гардид, ки танҳо дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ роҳбари  муассиса изҳор доштанд, ки Пешвои муаззами миллат ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил доранд ва моро месазад ки бо кору фаъолияти худ, бо нишон додани самаранокӣ сазовори эътимоди роҳбари давлат гардем.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.