МақолаҳоХабарҳо НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ Бо admin Охирин навсозӣ Jan 9, 2024 0 Мушкилоти ҷаҳони муосир ва афзоиши хатарҳои глобалӣ тақвияти нақши амалии созмонҳои гуногуни минтақавӣ, байни минтақавӣ ва байналмилалиро тақозо менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Созмони Милали Муттаҳидро дар танзим ва самтдиҳии низоми навини ҷаҳонӣ, ҳаллу фасли масоили байналмилалӣ ва пешгирии хатарҳои глобалӣ ҳамчун нақши калидӣ арзёбӣ менамояд. Дар айни ҳол дигар созмонҳои бузурги байналмилалӣ, қабл аз ҳама Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Созмони амнияти дастаҷамъӣ, Ҷомеаи Иқтисодии Евроосиё ва ғайра метавонанд бо ҳадафи мушаххас дар татбиқи мақсадҳои оинномавӣ ва ҳамкориву ҳамдастии наздик бо Созмони Милали Муттаҳид дар бартараф намудани ихтилофу даргириҳо, ҳангомаҷӯию яккатозиҳо, пуштибонии сулҳу амнияти ҷаҳонӣ ва пешгирӣ хатарҳои глобалӣ нақши муассир бозанд. Ҷониби Тоҷикистон ширкати фаъолро дар муборизаи муштарак бо таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва ҷиноятҳои муташаккилонаи трансмиллӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати байналмилаии худ медонад. Ба хусус муборизаи бе амон зидди қочоқи маводи мухаддир, ки натанҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки ба Аврупою Амрико ва ҳатто саросари ҷаҳон таҳдид менамояд, сол то сол дар ҷумҳурии мо вусъат меёбад. Тоҷикистон чун кишваре, ки чандин маротиба ҳадафи терроризми байналмилалӣ қарор гирифта буд, зуҳуроти нангини терроризм, экстремизм ва зуровариро дар ҳамаи шаклу намудҳои онҳо қатъиян манъ менамояд. Кишварҳои пешрафта ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз байн бурдани омилҳои тавлидкунандаи хатарҳои нав, пеш аз ҳама терроризм ва экстромизм бояд якҷоя мубориза баранд. Боиси таассуф ва тааҷуб аст, ки идораи роҳбарию самтдиҳии як қатор ҳизбҳои экстремистӣ дар маркази баъзе кишварҳои пешрафтаи Аврупо фаъолият мекунанд. Дигар ин, ки ба ҳамаи аъмоли зиддиинсонӣ гунаҳкор донистани дини мубини ислом ва мардуми мусулмон оқибати хуб надорад. Фаромӯш набояд кард, ки дини ислом дар асл ва зоти худ дини сулҳпарвар ва хилофи душманиву адоват нисбат ба пайравони динҳои масеҳӣ, буддоӣ, зардуштӣ ва яҳудӣ буда, ҷавҳари башардӯстию инсонгароӣ дорад. Қувваҳои тахрибкор ва гурӯҳҳои террористӣ дини исломро танҳо ба сифати байрақ ё ниқоби аъмоли нангини худ истифода мебаранд, ки ин бешубҳа, боиси бадномии дини ислом ва шарафи мусулмонон мегардад. Ҳодисаҳои даҳшатбор ва амалҳои нангини террористие, ки солҳои охир дар Федератсияи Россия, Ироқ, Испания, Англия ва дигар кишварҳои ҷаҳон рӯй додаанд ва сабабгори қурбон шудани садҳо нафар кӯдакону занон шуданд, тамоми ҷаҳонро ба ларза овард. Дар натиҷаи кирдори нангини чунин қувваҳои террористӣ мардуми мусулмон дар кишварҳои гуногуни олам таҳти фишору таъқиб қарор мегиранд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари аз амалҳои террористӣ ва тахрибкорӣ осебдида ва эҷодгари намунаи нодири созишномаи сулҳофарӣ минбаъд низ барои таҳкими оромӣ дар сайёра талош варзида,ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи хатари терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ муборизаи беамон хоҳад бурд. Дар шароити ҳозира масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ ва оромии авзои ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа ва бағоят муҳим пайдо намудааст. Зеро солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва хатарҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват гирифта истодаанд, ки онҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва кишварҳои алоҳида таъсири манфӣ расонанд. Хатарҳои мавҷуда, бевосита ба пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамоянд. Аз ин рӯ, мо бояд пешгирии ин амалҳои номатлубро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем ва барои таъмини амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешем. Терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бо ифротгароии сиёсиву динӣ ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ иртиботи ногусастанӣ дошта, ба амнияту оромии на танҳо кишварҳои алоҳида, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар доранд. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо таъмини амнияти худ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ба ормӣ ва суботи аҳли башар мусоидат менамояд. Бо дарназардошти таҳдидҳои мазкур мо ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеаро, ки миллати тоҷикро аз ҷудоиву парокандагӣ наҷот бахшид, омили асосии кулли дастовардҳои имрӯзаи миллат ва давлати худ мешуморем ва онҳоро қадр ва ҳифз менамоем. Дар асл ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд маҳз ба шаҳрвандоне такя мекунад, ки аз ҷиҳати сиёсиву ҳуқуқӣ бомаърифат, ба ҳифзи адолат қодир, ба риояи волоияти қонун ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ омода бошанд. Давлати соҳибистиқлоли тоҷикон меъёрҳои асилии демократияро ҳамчун омили пешрафти ҷомеа этироф намуда, минбаъд низ барои инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Ҷомеаи Тоҷикистон имкониятҳои имрӯзаро воқеъбинона арзёбӣ менамояд ва дар заминаи ризоияту ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш ва таъмини амният тадриҷан пеш меравад, зеро ҳар як халқ ба фарҳанг ва анъаву сунатҳои миллӣ такя намуда, бо роҳи хоси худ инкишоф меёбад. Такмили низоми сиёсӣ бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки ба коҳиши ҷиддӣ ва қатъии коруппсия, бюрократизм ва падидаҳои дигари манфӣ, ки аслан зодаи равандҳои харобгари марҳалаи бӯҳрони сиёсӣ ва даврони мураккаби баъди низоъ мебошанд, мусоидат намояд. Аз ин хотир вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон пос доштани арзишҳои миллӣ умумибашарӣ ва насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан мебошад. Қандова Рушанна Ғайраталиевна Омӯзгори кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 0 Мубодила кардан