Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”: СОХТМОНИ ДАРМОНГОҲ ВА КЛИНИКАИ НАЗДИКОЛЛЕҶӢ ҚАДАМ БА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТАҲСИЛОТИ ТИББӢ

Дигаргуниҳои ҳаяҷоновар деворҳои коллеҷи муътабари тиббии моро, ки дар паҳлӯи бинои асосии он рамзи нави пешрафти тиб — дармонгоҳ ва клиникаи наздиколлеҷӣ сохта мешавад, фаро гирифта истодааст. Дар замони муосир доштани чунин як пойгоҳи моддӣ-техникӣ ва таълимию таҷрибавӣ боиси боло рафтани сатҳу сифати таълим ва омодасозии мутахассисони соҳибкасб мегардад. Ин маълумотнома низ ба бунёди комплекси муосири таълимӣ ва табобатии тиббӣ нигаронида шудааст.

Санаи 6 январи соли ҷорӣ директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ғайринақшавӣ ба майдони сохтмони бинои дармонгоҳ ва клиникаи наздиколлеҷӣ рафта, кӯшиш ба харҷ доданд, ки ба рафти кор шахсан шинос шуда, онро арзёбӣ намоянд ва шодию некбинии худро ба коллектив баён кунанд. Директор бо ҳамроҳии муовинони директор, сармуҳосиб, инженерон ва намояндагони коллективи бинокорон аз объект дидан намуда, ба ҳар як ҷузъиёти маркази тиббии оянда баҳо доданд.

Роҳбари муассиса моҳияти ин лоиҳаро қайд намуда, ба коллективи бинокорону меъморон барои фидокорӣ ва кордониашон миннатдорӣ баён карда, изҳор доштанд, ки клиника на танҳо як қисми таркибии ҷараёни таълиму тарбия дар коллеҷ мегардад, балки ҳамчун намунаи наҷиби ба ҳам наздик шудани назария ва амалия дар тарбияи мутахассисони миёнаи касбии оянда хизмат хоҳад кард.

Яке аз нуқтаҳои асосии гардиш, шинос шудан бо ҳолати техникӣ ва сатҳи сохтмони клиникаи оянда буд. Маврид ба зикр аст, ки таҷҳизот ва технологияҳои замонавии ташхис, табобат ва тадқиқот дар клиникаи мазкур ҷорӣ карда мешаванд, то эҳтиёҷоти таълимӣ ва тиббӣ бештар қонеъ карда шаванд.

Сохтмони клиника инчунин барои мустаҳкам намудани робитаи шарикона бо муассисаҳои пешқадами тиббӣ хоҳад гардид. Ин ба донишҷӯёни мо имкониятҳои беназири таҷрибаомӯзӣ, шабакаҳои васеъи касбӣ ва таҷрибаи амалӣ дар муҳити клиникии воқеиро фароҳам меоварад.

Сохтмони дармонгоҳ дар коллеҷи тиббӣ на танҳо саҳифаи нав дар таърихи муассисаи таълимӣ, балки марҳилаи муҳими рушди илми тиб низ мегардад. Дар ин рӯз директор ба тамоми коллектив некбинии худро расонда, таъкид намуданд, ки ин боби нав бо комёбиҳои бобарор, бозёфтҳои тиббӣ ва болоравии касбияти донишҷӯёну омӯзгорон пур мешавад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.