Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ОМИЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН

(Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28.12.2023с. ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, 668.)

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

 аз 28.12.2023с, шаҳри Душанбе

Чуноне, ки ҳар яки мо огоҳӣ дорем дар охири ҳар як сол Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарафманди кишвар Паёми солонаи худро ироа менамоянд. Ҳамасола пешниҳод гардидани Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат агар аз як тараф тантанаи давлатдории миллӣ ва амали шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон бошад, аз тарафи дигар яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мебошад.

Дар низоми сиёсии давлатдории миллӣ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар ва барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо, қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки тамоми мардуми тоҷик беш аз пеш ба ин санади муҳиму арзишманд рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи кор ва зиндагии доимии хеш қарор медиҳанд.

Ироа гардидани Паём аз тарафи Роҳбари давлат ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва стратегияи рушди мамлакати мо, дар ҳақиқат тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ гардонидани ормонҳои ҳазорсолаи мардуми шарафманди тоҷик маҳсуб мешавад. Яъне Паём суханони барномавии Пешвои муаззами миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои пурифтихори созандаи давлату миллати шарафманди тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат низ тамоми масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии шаҳрвандони мамлкат мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт. Чунки дар сиёсати кунунии Ҳукумати мамлакат таъмини масъалаҳои иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи бевосита зоҳир намудан ба ин соҳаҳо ва давра ба давра тақвият бахшидани самаранокии хизматрасониҳо ва шарту талаботи ҳифзи фаъолият мавқеи намоён ва аввалиндараҷа касб менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 1 Конститутсия ҳамчун давлати иҷтимоӣ маҳсуб шуда, ҷиҳати таъмини сатҳи зиндагии арзандаи шаҳрвандон ва инкишофи озодонаи онҳо таваҷҷуҳи бештарро ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ равона месозад.

Президенти Тоҷикистон дар ҳар суханрониву баромадҳо ва мулоқоту суҳбатҳо бо аҳолӣ, инчунин дар ҳар Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ доир ба зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат қарор доштани масъалаҳои иҷтимоӣ ва пешбинӣ намудани кафолату имтиёзҳои давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ибрози назар ва таъкидҳо менамоянд.

Аз ҷумла, яке аз бахшҳои муҳимму афзалиятнокро низ дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъмини афзалиятноки масъалаҳои иҷтимоӣ ташкил менамояд.

Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат тамоми соҳаҳои иҷтимоии мамлакат аз ҷумла тандурӯстӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, фарҳанг ва занон мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат зикр гардид ин масълалаи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон буд. Чунки имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мешавад.  Дар марҳилаи муосири рушди давлатдорӣ аз ҷумлаи санадҳои муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва барномавӣ, ки он дар ҳаёти давлатӣ-ҳуқуқии мамлакат, бахусус баланд гардонидани шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолии давлат, таъмини адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушду нумўи қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, мудофиаи мамлакат, сиҳатии аҳолӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандўстиву хештаншиносии шаҳрвандон ва дар маҷмуъ, рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим мегузорад,  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад.

Бахусус дар Паёми навбатии Президенти мамлакат бо мақсади таъмин ва амалӣ гардидани волоияти қонун ҳамчун василаи муҳими татбиқи қонунгузории мамлакат баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон махсус таъкид шуд.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

Бинобар ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Воқеан тибқи муқаррароти Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ эътироф карда шудааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз мекунад. Яке аз хусусиятҳои хоси давлати ҳуқуқбунёдро мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, яъне маърифати ҳуқуқии комил ташкил менамояд.

Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад.

Маърифати ҳуқуқӣ – маҷмуи арзишҳо ва донишҳои ҳуқуқиест, ки барои боз ҳам баланд бардоштани дарку эҳсоси волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, адолати судӣ, сифати қонунгузорӣ ва дар ҳаёти ҳуқуқӣ ҳамаҷониба татбиқ ва густариш додани донишҳои ҳуқуқӣ бо дарназардошти меъёрҳои конститутсионӣ нигаронида шудааст.

Боиси  қайд аст, ки сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки ин раванд боиси баланд гардидани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд мусоидат менамояд.

Бояд ҳар яки мо – шаҳрвандони кишвар ҳар як пешниҳодҳои Пешвои миллатро, ки дар Паёми навбатиашон иро карданд, сармашқи кори худ қарор диҳем ва дар амалӣ намудани нақшаву барномаҳои давлатӣ, ки барои рӯшди Тоҷикистони соҳибистиқлол равона гардидааст саҳмгузор бошем.

Мамурзода Диловар Мамур – муовини директори
МДТ  “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ
оид ба корҳои мамурӣ ва хоҷагӣ

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.