Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

СОЛИМӢ ВА ДОНИШ: ҶАНБАҲОИ АСОСИИ НЕКУАҲВОЛӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР (дар ҳошияи Паём)

– Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

– Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

(Эмомалӣ Раҳмон, 28.12.2023)

Таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки дар ҷамъбасти ҳар сол Паёми муфассали роҳбарияти кишвар ба мақоми қонунбарор ва дар симои он ба тамоми мардуми кишвар ироа гардад. Мусаллам аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамасола Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми сарбаланду шарафмандаш ироа мегардад.

Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат низ саршор аз роҳнамоиву ҳидоят барои мардуми кишвар буд ва дар он раванди рушди кишвар дар панҷ соли охир арзёбӣ гардида, нишондиҳандаҳои асосии пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар нишон дода шуданд.

Маориф ва тандурустӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар маҳсуб ёфта, ҳатто дар солҳои вазнини ибтидои истиқлолият тамоми фикру андешаи Пешвои миллат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои тандурустӣ ва маориф, инчунин дастгирии ин соҳаҳои барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд. Ва чунонки баръало ба мушоҳида мерасад, Сарвари давлат ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф ва нигаҳдории солимии ҷомеа равона карда, ба рушди ин соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ диққати махсус медиҳанд ва ин масоилро ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дастгирӣ менамоянд. Беҳуда нест, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи худ рушди илму маорифро калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ҳисобиданд.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр гардид, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардида (расми 1), дар 7 соли охир 1380 иншооти соҳаи маориф ва 1213 муассисаи тандурустӣ (расми 2) бунёду азнавсозӣ карда шуданд.

Маҳз натиҷаи ин дастгирию ғамхориҳои Президенти мамлакат ба соҳаи маориф буд, ки имрӯзҳо саводнокӣ миёни аҳолии калонсол боло рафта, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст. Дар Паём Пешвои миллат арз доштанд, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад ва дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд. Ин боз як далели муътамади дастгирии соҳаи маорифи кишвар аз ҷониби Ҳукумат ба шумор меравад.

Қобили зикр аст, ки агар соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст (расми 3) ва танҳо дар соли ҷорӣ дар соҳаи маориф 200 иншоот барои беш аз 85 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд (расми 4). Ин афзоиши таъсирбахш нишондиҳандаи рушд ва таъмини дастрасии таълим ва табобат ба доираи васеи одамон мебошад. Албатта ин нишондиҳандаҳо аз як тараф натиҷаи ғамхориҳои сарвари давлат ба соҳаи маорифу тандурустӣ бошад аз сӯи дигар содиқона фаъолият кардани маорифчиён ва кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро собит менамояд.

Чуноне ки дар оғоз қайд карда шуд, дар баробари маориф, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ин ҳифзи саломатии шаҳрвандон маҳсуб ёфта, маблағгузории соҳа мунтазам зиёд шуда, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии кишвар бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад. Дар соҳаи тандурустии кишвар ислоҳоти соҳаи тиб ҷараён дорад ва ислоҳоти соҳаи тандурустиро шартан метавон ба 4 марҳала тақсим кард.

Марҳалаи аввал солҳои 1993-1997-ро дар бар мегирад ва аз марҳалаҳои душвортарин маҳсуб меёбад, ки кумакҳои фаврии давлат барои дарёфти доруворӣ, ваксинаҳо ва дигар васоити бандубастӣ дар ҳалли бисёр масоили мубрами тандурустӣ нақши муҳим доштанд.

Марҳалаи дуюми ислоҳоти соҳа солҳои 1997-1999 маҳсуб меёбад, ки дар ин давра дигаргунсозиҳои соҳа дар вазъияти нисбатан ором идома ёфтанд. Дар ин марҳала вазорат барои таҳияи дурнамои муайянкунандаи рушди минбаъдаи соҳа ва меъёрҳои ҳуқуқии он мутобиқ ба иқтисодиёти бозорӣ корҳои бисёреро анҷом дод. Бори нахуст дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ то соли 2005, Барномаи соҳавии ислоҳоти нигаҳдории тандурустӣ барои солҳои 1997–2001 таҳия ва ба тасвиб расиданд.

Марҳалаи сеюми ислоҳоти соҳа солҳои 1999–2006-ро фаро мегирад. Дар ин солҳо аввалин лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо мадади Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Бонки Умумиҷаҳонӣ оғоз гардиданд. Ба иллати нокифоя будани маблағҳои буҷети давлатии барои соҳаи тандурустӣ таъсисдодашуда зарурати ҷалби маблағҳо аз ҳисоби ниҳодҳои молиявӣ ва ташкилотҳои байналмилалии мададрасон ба миён омад. Дар ин давра дар доираи ислоҳоти соҳа «Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005–2015» таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Дар пешбурд ва татбиқи дигаргунсозиҳои соҳа дар ин давра Барномаи таҷдиди сектори иҷтимоӣ, ки солҳои 1999–2014 дар кишвар амалӣ гардид, саҳми бузург гузошт. Дар доираи татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ корҳои сохтмониву барқарорсозии бештар аз ва муассисаи тиббии қисме аз навоҳии ҷумҳурӣ анҷом ёфтанд. Дар ин давра дар татбиқи ислоҳоти соҳа Маркази идораи барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ – Бонки Осиёии Рушд, Маркази ҳамоҳангсозии Барнома оид ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва дастгирии тибби оилавӣ (Барномаи Сино), Барномаи Здрав Плюс, Бунёди Оғохон, Хазинаи Глобалӣ, Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (WHO), Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF), Барномаи НОРЕ (Барномаи USAID оид ба мубориза зидди бемории сил), Бонки рушди Олмон, CARE INTERNATIONAL, CARITAS Сафорати Ҷопон саҳми арзишманд гузоштаанд. Дар натиҷаи татбиқи барномаи мутазаккира бештар аз 100 нафар мутахассис дар хориҷи кишвар омӯзонида, 36 муассисаи тиббӣ сохта шуда, 320 муассисаи табобатию профилактикӣ дар 41 шаҳру навоҳии вилоятҳои Хатлону Суғд таҷҳизонида шуда, 88 адад нақлиёти санитарӣ дастрас гардиданд.

Марҳалаи чоруми ислоҳоти тандурустӣ аз соли 2006 оғоз гардида, то ҳоло идома дорад. Рисолати асосии ин марҳала мукаммал намудани сохти идоракунӣ ва маблағгузории соҳа, рушди тибби оилавӣ, мустаҳкам кардани заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ, таҳкими системаи иттилоотии соҳа ва амсоли инҳо мебошад.

 Ба мақсади беҳтар намудани вазъи саломатии аҳолӣ, бо мадади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин санадҳои меъёрии дорои аҳамияти зиёд ба тасвиб расидаанд. Дар солҳои охир соҳаи хидматрасонии тиббии кишвар ба азнавсозии заминаҳои ташхисиву табобатӣ, неруманд намудани инфрасохтори муассисаҳо, таъмини дастрасии хидматрасонии ташкилӣ, муолиҷавию пешгирӣ ва ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобатӣ самт гирифт.

Ададҳо собитгари ин гуфтаҳо мебошанд, яъне дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро (расми 5) ташкил медиҳад. Танҳо дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ лоиҳаи «Миллати солим», ки маблағи умумии он беш аз 630 миллион сомонӣ мебошад, амалӣ шуда истода, илова бар ин, дар 5 соли оянда сохтмон ва таъмири беш аз 350 муассисаи тандурустӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд.

Дар баробари ин дастгирии соҳа боиси афзоиш ёфтани сатҳи дарозумрии миёнаи аҳолӣ ва коҳиш ёфтани сатҳи фавт гардид. Яъне таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар замони соҳибистиқлолӣ хар сол ба ҳисоби миёна 2,1 фоизро ташкил дода, айни замон шумораи аҳолии мамлакат 2 баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10,2 миллион нафар (расми 6) дар соли 2023 расидааст.  Аз ҷумла дар ин давра шумораи фавт ба ҳисоби 1000 нафар аҳолӣ аз 6 нафар дар соли 1991 то 3 нафар дар соли 2023 паст гардида, 2 баробар коҳиш ёфтааст (расми 7). Аз ҷониби дигар, дар ин давра дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расида, умри миёнаи аҳолии мамлакат беш аз 6 сол афзоиш пайдо кардааст (расми 8).

Нишондиҳандаҳои мазкур далели равшану возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагӣ ва нигоҳдории  тандурустии мардуми кишвар мебошанд. Дарвоқеъ, саломатӣ аз муҳимтарин сарватҳои башарӣ буда, бо дарки аҳамияти саломативу тандурустӣ бояд бо шукргузорӣ аз даврони осоиштаву кишвари обод баҳри ҳифзу нигаҳдории солимии ҷисмониву маънавӣ кӯшиш ба харҷ диҳем, зеро ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносию худогоҳӣ ва тансиҳатӣ талош намояд.

Ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат нисбат ба илму маориф ва соҳаи тандурустӣ ҳамаи моро зарур аст, ки дастуру ҳидоятҳои дар Паёми Президенти мамлакат ироашударо сармашқи кори худ қарор дода, боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия, хоса таълими мутахассисони соҳаи тандурустӣ аҳамияти бештар дода, сатҳу сифати таълимро беҳтар намоем ва тамоми имконоти мавҷударо барои таҳсилоти босифат истифода карда тавонем. Андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ зарур буда, дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”  барои ин тамоми тадбирҳо саривақтӣ андешида мешаванд.

Донишҷӯён бошанд, ҳамчун ҷавонони бомаърифат ва ояндасози миллат бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва шароити мусоиди фароҳамкардаи Ҳукумати мамлакат, пайваста илмҳои муосир ва забонҳои хориҷиро хуб аз бар намуда, ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва инсонпарвариро дошта бошанд. Донишҷӯёни муассисаҳои таълимии тиббӣ бояд бештар фаъол бошанд, зеро онҳоро рисолати бузург, яъне табобат ва нигоҳдории тандурустии ҷомеа интизор аст ва ин дар воқеъ масъулияти калон ба шумор меравад. Ҷавонони моро мебояд, ки дастгиру тарғибгари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободкории Ватани азизамон бошанд.

Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода,
директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.