Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ПАЁМИ ПЕШВОИ МУЗЗАМИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санаи 28.12.2023 рост омад. Дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил гардида, нақшаву барномаҳо барои солҳои минбаъда муайян карда шуд.

Дар Паёми Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид, ки соли 2023 барои сокинони мамлакат хеле соли бобарор ва назаррас буда, дар ҳама соҳаҳо комёбиҳо дида мешавад. Ва сатҳи камбизоатӣ аз 83%- и соли 1999 то соли 2023 ба 62% паст карда шуд. Албатта ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки сатҳи зиндагии сокинони мамлакат хубтару беҳтар гардида истодааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самтҳо чораҳои заруриро андешида истодааст.

Дар Паёми сарвари давлат қайд гардид, ки дар ҳафтсоли охир нисбати қишрҳои осебпазири ҷомеа ғамхории давлат хеле зиёд ба назар мерасад. Ягон ятим худро ятим ҳис намекунад, ин аз таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳукумати мамлакат дарак медиҳад. Ин ғамхории сарвару ҳукумати давлат ибрати ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Рақамикунонии соҳаҳои буҷети мамлакат ва ғайринақдӣ яке аз роҳҳои ба мақсад расидан мебошад, ки ин тадбир дар баланд бардоштани буҷаи мамлакат саривақтӣ мебошад. Дар ин раванд омилҳои коррупсионӣ аз байн рафта таъсири худро ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мерасонад.

Дар Паём таъкид карда шуд, ки оид ба тарбияи дурусти фарзандон ҷалби бештари духтарон ба хондан, касб интихоб намудан, ояндаи онҳоро андеша кардан муҳим аст, ки миллат бояд босавод бошад. Оре, дониш чароғи ақл, қуввати дил, дороиву сарват ва ҷавшани бузургест, ки касро аз ҳама гуна ранҷу азоб кулфату дард ва афсурдагиву эҳтиёҷ дур месозад. Дониш барои инсон мояи манбаи фазлу камол буда, инсонро бузургдил мегардонад. Шахси донишманд дар ягон давру замон ба душвориҳо рӯ ба рӯ намешавад, зеро дониши бузургаш ӯро бо роҳи росту самарабахш раҳнамун месозад. Тавассути ақлу заковати бузургу хиради ба роҳи дониш ба дастовардааш метавонад соҳибкору соҳибмаълумот ва соҳибиззат бигардад. Чуноне, ки устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гуфтааст:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани тy ҷавшан аст.

 Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии наврасону ҷавонон дар маҷмуъ ҳама қишрҳои ҷомеа ҳамарӯза ба назар мерасад. Ҷорӣ намудани озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Фӯрғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фӯрӯғи маърифат”, “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат”, дар самти омӯзиши чеҳраҳои соҳаҳои илму маориф ва дар оянда ба халқу миллати худ хизмат намудан аст.

Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ буда, ҳамчун сармояи маънавӣ дар меҳварии ҳукумати мамлакат қарор дорад ва ҳамасола ба ин соҳа аз ҳисоби буҷети мамлакат маблағ ҷудо гардида нақши илм ва иноватсия бояд баланд бардошта шавад. Нақши илм ва истеҳсолот густариш ёбад. Мактабҳои нави замонавӣ сохта ба истифода дода шуда истодааст. Забономӯзӣ низ яке аз ҳадафҳои муҳимми ҳукумати мамлакат буда, омӯзиши забонҳои хориҷӣ саривақтӣ мебошад. Омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, рушди иқтидори илмӣ бояд густариш ёбад. Мутахассисони сатҳи байналмилалиро омода намоем.

Дар ин самт таълифи китобҳои нави дарсӣ, аз такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, омӯзиши техналогияи нави таълим бояд ба роҳ монда шавад.

Соҳаи тандурустӣ ҳамасола ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷаи мамлакат маблағҳо ҷудо гардида, ба хотири миллати солим таҷҳиҳизоти нави замонавӣ харидорӣ намуда, барои хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ стратегияи низоми ҳифзи иҷтимоӣ равона мегардад. Дарозумрӣ дар мамлакат ба 76 сол расидааст. Нисбати солҳои пешин дарозумрӣ хеле хуб гардидааст. Дар ин самт таъкид намуданд, ки кадрҳои баландихтисос бояд ба соҳаи тиб ҷалб карда шаванд.

Ҳифзи иҷтимоӣ дар ин самт ҳама сола зиёд гардидани нафақа, музди меҳнати кормандони соҳаҳои гуногун ҳама сола аз ҳисоби буҷаи мамлакат ҷудо мегардад. Дар Паёми имсолаи сарвари давлат низ нисбати ҳифзи иҷтимоӣ ғамхориҳо дар ин самт ба вуҷуд омад. Аз 1- уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракуни давлатӣ муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимой ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд гардид .Нафақа 30% зиёд гардид ин инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд гардид. Ин имкониятро нисбати соҳаҳо ҳама сола ҳукумати мамлакат баҳри беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ, кормандони соҳа амалӣ менамояд. Ҷавобан ба ғамхориҳои ҳукумати мамлакат моро зарур аст, ки дар фаъолияти худ нисбати пешравии соҳаи худ заҳмат кашида, баҳри расидан ба ҳадафҳои пешқадами ҳукумати мамлакат саҳми арзандаи худро гузоем.

Дар Паёми сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону бонувон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ҷалби духтарон ба донишомӯзӣ, интихоби касб, эҳтиром нисбати занону бонувон дар соҳаи роҳбарикунанда аз ҳисоби занони фаъол дар соҳаи маориф, тиб бахши ҳарбӣ ва дар ҳама соҳаҳо ба назар мерсад.

Самти ҷавонон варзиш сиёсати давлатии ҷавонон беҳтар гардидани тарбияи насли наврас худшиносӣ, худогоҳӣ, ва тандӯстии ҷавонон соли 2023 108 медали тилло, 76 медали нуқра ва 159 медали биринҷиро дар арсаи байналмилалӣ ба даст оварда милатро муаррифӣ намуда, вазъи ногувори ҷаҳон торафт шадид гашта истодааст. Таъмини амнияти кишвар омода намудани кадрҳо масъулияти муҳим мебошад. Ҳадафи ҳукумати мамлакат таъмини амният ва волоияти қонун мебошад.

Соли 2024 30-юмин солгарди Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад ва бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро соли “Маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд. Маърифати ҳуқуқӣ бояд баланд бардошта шавад. Риояи қонун, эҳтиром ба конситутсия, муқаддасоти миллӣ ва дигар қонунҳо бояд дар мадди аввал гузошта шавад. Дар Паёми сарвари давлат таъкид гардиданд, ки дар замони муосир Тоҷикистон барои боз ҳам зиёдтар ворид шудан ба раванди ҷаҳонишавӣ кӯшиш менамояд. Низоъҳое, ки дар минтақа ва ҷаҳон ба вуҷуд омада истодааст, онҳоро танҳо бо роҳи музокирот ва муколама ҳал намудан лозим аст.

Албата, суханони сарвари давлатамон барои рушди бемайлони ҳама соҳаҳо муҳим арзёбӣ мегардад. Дар Паём сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки ҳамаи пешравиҳои зикргардида заҳмати софдилона ва оқилонаи сокинони мамлакат баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои ҳукумати мамлакат мебошанд. Тамоми сокинони мамлакатро зарур аст, ки дар шароити ҳасос бо сабру таҳаммул ва ба хотири ҳифзи арзишҳои давлату миллат нерӯи созандаи худро равона созанд. Тамоми кӯшишу ғайратро баҳри ободӣ, тозагии хонаву кошона, сарсабзу хуррам гардонидани кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосо боз ҳам заҳмат кашида ва ба ҷаҳониён ҳамчун кишвари ташаббускор, соҳибтамаддун, созанда, буниёдкор, муарифӣ намоем.

Қурбонова Парвина Грезовна

Декани факултети “Кори ҳамширагӣ”-и (таҳсилоти

Умумии асосӣ) МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.