Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранолкии хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ лоиҳаи “Миллати солим”, ки маблағи умумии он беш аз 630 миллион сомонӣ мебошад, амалӣ шуда истодааст.
Илова ба ин, дар 5 соли оянда сохтмон ва таъмирӣ беш аз 350 муассисаи тандурустӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Аз ҷониби ҳукумати мамлакат дар соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдоштаи ин самт мусоидат менамоянд.
Ҳамин тавр бояд қайд намуд, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва таваҷҷуҳи хосаи Сарвари кишвар ва дастовардҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакатамон гувоҳи онанд, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи сиҳатии омма дар меҳвари сиёсати Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат қарор дорад. Дар баробари дигар сохтору мақомотҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтитимоии аҳолӣ, муассисаҳои таълимӣ, ки мутахассисони соҳаи мазкурро тайёр меукунанд, аз ҷумла Донишгоҳҳо ва Коллеҷҳо, хусусан дар тайёр кардани мутахассисони баландпояи миёнаи тиббӣ, нақши МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” назаррас мебошад.
Аз ин рӯ кормандони соҳа ва дигар сохтору муассисиҳое, ки барои ҳифзи саломатии аҳолӣ масъуланд зарур аст, дар фаъолияти минбаъдаи худ барои татбиқи дастуру ҳидоятҳои дар Паёми имсола қайдгадида фаъолияти худро боз ҳам ҷиддитар ба роҳ монанд. Зеро ҷомеаи солим асоси рушди бонизом ва устувори давлат аст.